Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Ба ҳавои ту чашмаҳои соф
Синаи кўҳро кунанд шикоф.
Дар ҳавои ту абр гирён аст,
Дашти беоб синабирён аст.
Ба гумонам, ки гаштаӣ ҷорӣ,
Ту на аз чашмаҳои кўҳсорӣ,
Балки аз оби чашми гирёнӣ,
Арақу ашкҳои деҳқонӣ.
Дар дилат ҷойи донаҳои гуҳар
Мурдаҳоянд гашта хокистар.
Мардумонат агарчи деҳқонанд,
Дар замини ту хўшачинонанд.
Кардаанд одамони бадкирдор
Як пули оҳанин ба дўшат бор.
Рўзу шаб аз сарат кунанд убур
Корвонҳо ба сўйи Ғарби дур.
Ҳар вагоне, ки меравад лабрез,
Шояд аз баҳри туст ғамангез,
Ё магар дидаӣ, ки бемузде
Дили ту канда мебарад дузде.
Мебарад ҳусни навбаҳоратро,
Вопасин тухми киштзоратро,
Мебарад шири модарони туро,
Ризқи бечора кўдакони туро.
Ҳар чӣ бошад, бузург рўд астӣ,
Ҳиссаи баҳри беҳудуд астӣ.
Рўдворона зиндагӣ кун!
Ҷўш зан,
Ҷўш зан,
Ҷавонӣ кун!
1947
БОҒИ МУАЛЛАҚ
Дидаам дар Бомбай боғи муаллақ чун биҳишт,
Бо қалам тавсифи онро кай тавонад кас навишт.
Боғ сабзу акси он рўзу шабон дар об сабз,
Дар даруни об гўё шуълаи маҳтоб сабз.
Дар лабони хубрўён ханда ҳусни дигар аст,
Ҷилваи ин боғ ҳам дар нозукӣ нозуктар аст.
Рўбаҳу оҳуву фил аз навдаҳо сабзидаанд,
Ҷонварон дар баргҳо тасвири худро дидаанд.
Бофта қолини сабз аз сабзаҳо дасти ҳунар,
Бар рухи ҳар барг шабнам медурахшад чун гуҳар.
Дидаам ду боғ ман, ду гунбази сабзу кабуд,
Дар баландӣ он якею в-он дигар дар об буд.
Ногаҳон аз Ғарб омад киштии бегонагон,
Гашт вайрон акси боғи сабз аз ин бори гарон.
Ё ба ҳинду инглисҳо меҳрубонӣ мекунанд?!
Обҳои хоки онро посбонӣ мекунанд?
Ҳаргиз ин сон нест, ҳаргиз! Нест ин сон, ҳеҷ гоҳ!
Балки биншастаст мисли доғ дар рухсори моҳ!
Ин чӣ найранг аст, ки дар зери боғи дилписанд –
Дар халиҷи Бомбай байроқи Амрико баланд?!
1947

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё