Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Симу зар, сурмаву симоб диҳад кўҳи Ҳисор,
Ташнагонро шабу рўз об диҳад кўҳи Ҳисор,
Чорзону зада дар майкада чун пири муғон,
Ҷоми саршори майи ноб диҳад кўҳи Ҳисор.

Ман, ки дар домани ин силсила тавлид шудам,
Қатраи ашки азову фараҳи ид шудам,
Чун расидам ба сари қуллаи кўҳи Ватанам,
Ҳофизи ин Ватани пайрави хуршед шудам.
1967
ДАРАИ АРЎСОН

Аз Душанбе чун бароӣ, кўҳсор ояд зи пеш,
Кўҳсори пуршукўҳи обшор ояд зи пеш,
Қуллаҳои осмонбўси Ҳисор ояд зи пеш,
Аз Душанбе чун бароӣ, қад-қади рўди зулол,
Меравӣ гўё зи паҳлуят гузар дорад ғизол.

Меравӣ, аз ҳар ду паҳлуят арўсон бигзаранд,
Волгаҳоро зеб дода гуларўсон бигзаранд,
Чун насими рўдҳои шўхҷарён бигзаранд,
Форам овози дафу чангу рубоб ояд ба гўш,
Дил дарояд дар хурўшу мот гардад ақлу ҳуш.

Духтарон пўшида атлас дилнавозӣ мекунанд,
Пеш-пеши келину домод бозӣ мекунанд,
Дар миёни хубрўён сарфарозӣ мекунанд,
Як ҷаҳон ҳусну латофат дар бағал дорад дара,
Ошиқонро дафтари байту ғазал дорад дара.

Бин чӣ гуна ин дара ҷойи тамошо гаштааст,
Ҷойи парвози нигоҳи мардуми мо гаштааст,
Кони ҳусни духтарони зеби дунё гаштааст,
Дил агар афтод дар ин кўй, роҳаш гум кунад,
Ишқ агар лашкар кашад, охир сипоҳаш гум кунад.

Духтаронро ман ба сад ишқу ҳавас дорам назар,
Шод гардам аз саодатҳояшон мисли падар,
Чунки дорам ман ҳам уммед аз набера, аз писар,
Мерасад рўзе, ки фарзанди мани дилбохта,
Бо арўси хеш ояд хонаро пур сохта…
1972

пешина
аз 143
навбатӣ