Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

СИЛСИЛАИ КЎҲИ ҲИСОР
Дидаӣ манзараи силсилаи кўҳи Ҳисор,
Нуқрагун шаршараи силсилаи кўҳи Ҳисор,
Рўдҳои дараи силсилаи кўҳи Ҳисор,
Акси оҳубараи силсилаи кўҳи Ҳисор.
Нест ин силсила монанд ба кўҳи дигаре,
Дорад ин кўҳ ба худ хос шукўҳи дигаре,
Кўҳҳо саф зада ҳастанд ба ҳам дўш ба дўш,
Як гурўҳ аз пасу аз пеш гурўҳи дигаре.
Бағали кўҳи Ҳисор аст пур аз чашмаву рўд,
Гулмаҳӣ диққати сайёд кунад ҷалб ба худ,
Абрҳо мисли шутур гардани худ карда дароз,
Об нўшанд зи рўди чамани сабзу кабуд.
Бағали кўҳи Ҳисор аст тамошогаҳи мо,
Манзилу маҳфили мо, бистари мо, ҷогаҳи мо,
Чашмаҳояш дами ҷўшидану фаввора задан
Гашта монанд ба оҳанги дили огаҳи мо.
Кўҳҳо, ки ба замин пой фурў сохтаанд,
Қуллаҳо рахна ба сақфи фалак андохтаанд.
Мисли байроқи зафар, машъали тобони ҳаёт,
Офтоби саҳариро ба сар афрохтаанд.
Гар ниҳӣ по ба заминаш, кафи по нарм шавад,
Ҷисму ҷони ману ту аз нафасаш гарм шавад,
Қатраи шабнами наврехта дар чеҳраи гул,
Ҷилвагар чун арақи гунаи пуршарм шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё