Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Америкоиҳои харпул бошанд, фақат завқманди пуланду халос, аз даҳани ҳароми инҳо ба ғайр аз доллардоллар чизе нахоҳӣ шунид, адабиёту санъатро примитивизм мешуморанд…
Хулоса, дар ҳар ҷойе, ки нон ҳаст, завқ нест ё паст аст ва баръакс. Дар Америкаи лотинӣ нон нест, вале завқ ниҳоят баланд аст, гулдастаи сари сабади адабиёту санъати асри ХХ адабиёту санъати ҳамин Америкаи лотинист. Дар Африка нон нест, вале африкоиро бе санъат тасаввур карда намешавад, чуноне ҳиндуи қашшоқро бе ситору таблу қумбоқ. Дар Афғонистон нон нест, аммо мардум ба таври оммавӣ хушзавқу хушзеҳн ва ҳамчун сими барқ ҳассосанд. Масчоҳии каллаи кӯҳистон завқ дорад… Помирии мағзи санг завқ дорад. Ёвонию кӯлобии нимпухтаю нимбирёни зери офтоби тамуз шӯху ширинкору ширинбаён аст…
Завқи замзамаву шеър дар ду гаҳвора тарбият меёбад. Аввалан дар гаҳвораи тифлӣ бо ҷунбиши гаҳвораю замзамаҳои зерилабии модар. Ин гаҳвора истилоҳан фолклор номида мешавад, ки як умр бӯи шири модару тифлӣ мекунад. Мардуме, ки як нафар ба истилоҳ кундакафону зардолушапонаш – Қаддат гула мемона, танат моҳира, Раҳгаштанакот – боди саҳаргоҳира…
ххх Ман мемурамо, ду гӯр кобед бари ман, Якташ бари ҳасратому якташ бари ман.
ххх Эй ағба, маноз, мо дигар озодем, Раҳҳои туро ба барфу борон додем, - мегӯяд, дар завқи модароварди ӯ шаке нест. Ҳатто ибораҳояш худбахуд шеъранд – раҳгаштанакот, боди саҳаргоҳӣ, ба барфу борон додани роҳҳо (ман ба ҷои боди саҳаргоҳӣ ҳатман насим мегуфтам, зеро ба забони хушки қолабӣ одат кардаам).
Ё ин ки:
Восеъ сари сангонай,
Пои аспуш лангонай,
Худуш марди майдонай,
Ҳай ворӣ, ворӣ, ворӣ…
Ин байтҳоро тило дар санг мегӯянд. Шеъри тӯлоние, ки ман дар бораи Восеъ навиштаам, аз ин чор хати аёниву зинда беҳтар нест. Кошки ҳамин чор хат аз ман мешуд.
Гаҳвораи дигари завқи шеър ҳамоно адабиёти хатист. Онҳое, ки дар гаҳвора дар таги сарашон девони ғазалиёти Ҳофизу “Гулистон”-у “Бӯстон”-и Саъдӣ будааст ва онҳое, ки зери бистари хобашон “Девони кабир”-у “Хамса”, куллиёти Мирзо Бедилу Соибу Хоқонист, ҳатман соҳибзавқанд Вале чунин ба назар мерасад, ки аксари тоҷикон дар ин гаҳвораи ноз парвариш наёфтаанд, алоқаашон танҳо забонист. Чизи казоие, ки аз ин адабиёт шунидаанд, ҳамон аст, ки дар мактабҳои советӣ дарс медоданд. Ман зомин, ки ҳанӯз касе аз ин адабиёт китобе ба ҳалолӣ нахондааст. Ман зомин, ки агар – Чу офтоби май аз машриқи пиёла барояд, Зи боғи орази соқӣ ҳазор лола барояд, - дар сад маҷлису маҳфили тоҷикон хонда шавад, касе ба ҳаяҷон намеояд. Зеро зеҳни мо дар ин сабку завқу санъат варзишу парвариш наёфтааст.
Аз адибони насли Турсунзода, ки ман андаке мешинохтамашон, китобхон устод Улуғзода буд, ба чашми худ дидам, ки ҳатто рисолаҳои Хондамиру Мирхондро мехонд ва Мирсаид Миршакар, ки алоқаманди маорифпарварони ҳинду афғон буд. Устод Икромӣ, ки ба таътилу сафари Переделкино…
мебаромад, дар портфели вазнини сиёҳнависҳояш девони Ҳофизро ҳам мегирифт... Воқеан, ба қавли Фридрих Нитше, нависандае, ки табъу завқи шоирӣ дорад, беҳтарин нависанда аст: “Таъсири навиштори нависандаи нағз дар он аст, ки бо шеъру шоирӣ тавъамон бошад.” Боре дар дачаи нависандагон Лоиқи Сулаймон аз дуздони шаб ва ба онҳо бархурдани Султон Маҳмуд қисса мекард, ки хеле аҷоиб буд. Баъд ин қисса ба даҳани Боқӣ Раҳимзода афтода, маҷлис ба маҷлису идора ба идораи раису вазир гашт, вале на он вақт ва на баъд касе аз мо нафаҳмид, ки ин қисса аз қиссаҳои “Маснавӣ”
-ст.

пешина
аз 110
навбатӣ