Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чакида дона-дона ашкҳои ман ба пои ту,
Бубин, баҳо чи додаам ба ишқи бебаҳои ту.
На аз туам шикояту на аз ту ҳеҷ хашм,
Ки ман муҳаббати туро чашидаам ба оби чашм.
Қасам ба ҳарду дидаам,
Ки ғайри ту надидаам.
АЗ ДАРАХТИ СОЯ АФТОДАМ
Вақте ки ман як бачае будам,
Ошиқи духтарчае будам,
Ӯ маро аз тори болохонашон
Бо забонаш сӯз медод,
Бар сарам ё ҳарчи мепартофт,
Худ наметофт.
Хонаи онҳо сафедак буд,
Девори сафедак дошт.
Мо дар он шабҳои тобистон
Дар таги тути қаторак,
Чашмҳо тар аз даҳанвоҷак,
Чашмҳои хастаро молида медидем
Ҷанги сурхону сафедонро –
Беҳтарин кино.
Ман вале шабҳои маҳтобӣ дар он девор
Соя мекардам тамошо,
Сояравшан кам набуд аз ҳеҷ кино.
Дар ҳамон вақте ки маҳтоб
Аз лаби Ёли Камар метофт,
Аз дарахте дар тани девор
Дарахти соя мерӯид тираквор,
Қад кашидан мегирифт оҳиста-оҳиста,
Ҳамчу кӯдакҳо, ки меёзанд,
Қад мекашанд аз қадкашакҳо.
Ман зи ҳайрат,
Моту мабҳут,
Ҷо ба ҷо як соя мегаштам,
Панҷаам бе устухони соягӣ мешуд,
Дасту поям худ ба худ беустухони соягӣ мешуд.
Ман ду дасти соягиамро,
Бар дарахти соя печонида маҳкам,
Ҳарду пои соягиамро
Қайчӣ мекардам,
Ки то нӯгаш бароям, лек ҳайҳот…
Ногаҳон шаббода меомад,
Дастҳоям дар лаби бомаш, дарахти соя меларзид,
Дасту пои соягии ман ҳам ба он якҷоя меларзид,
Дасту пои соягии ман
Аз лаби бомаш хато мехӯрд,
Бар замин афтида хомӯш,
Мепаридам, ҳар чӣ буд, аз ҳӯш…
Модарам аз шабдарав, аз пушта баргашта,
Хобу хоболудаам
Зери каш мекарду мегуфт:
Бачаи бечораи ман тоқу танҳо
Монда ин ҷо маҳтали кино.
ТАБХОЛА ДАР ЛАБҲОИ ДИЛ
Вақте ки ишқам қисса буд,
Дил беғаму беғусса буд,
Як осмонам ҳисса буд,
Моҳи тамомам коса буд,
Обу таомам хоса буд –
Серии ман аз бӯса буд.
Дар зулфи шабранге агар
Чашмони ман шаб мечарид,
Лабҳои ман лаб мечарид,
Дандони ман лаб мегазид;
Ёд аз газиданҳои ман,
Аз лабчариданҳои ман,
Аз шабчариданҳои ман.
Акнун, ки он савдо гузашт,
Он шабчариданҳо гузашт,
Он лабчариданҳо гузашт,
Он лабгазиданҳо гузашт,
Он бӯсасериҳо гузашт,
Чун соли сериҳо гузашт,
Серам дигар аз ғуссаҳо…
Шабҳои ишқам якка буд,
Рӯйи ҷаҳон беллака буд,
Дар зери поям ҳар қадам
Аз нури моҳаш дока буд,
Ҳар бӯсаам як тика буд,
Лабҳои ёрам маска буд.
Ку як шабе, ку як шабе
Аз он ҳазору як шабам?
Ку як лабе, ку як лабе
Аз он ҳазору як лабам?
Лабҳои дандонхӯрда монд
Аз лабгазиданҳои ман.
Акнун ману шеъри сабил,
Акнун ману сад дарди сил,
Ман мехӯрам лабҳои дил,
Ман мегазам лабҳои дил,
Аз лабгазиданҳои ман
Табхола дар лабҳои дил,
Чун лола дар лабҳои дил.
ХОТИРА
Лабонам аз лаби ту бӯса-бӯса хотира дорад,
Даҳонам аз даҳонат қисса-қисса хотира дорад.
Ҳазор коса, ки чашм об додам аз чашмат,
Аз он ду чашми тарам коса-коса хотира дорад.
Ҳамон қадар, ки чаридам туро нигоҳ-нигоҳ,
Замини хотираам майса-майса хотира дорад.
Дилам, ки дар ҳавасат кам насӯхт, кам натапид,
Алам-алам асару ғусса-ғусса хотира дорад.
Қадам чу оинаи қаднамои хотираат
Шикастаасту вале ҳисса-ҳисса хотира дорад.
Хулоса, аз камарат, аз канору оғӯшат
Тамоми ҳастии ман хоса-хоса хотира дорад.
БИНШИН БА РӮИ ЧАШМИ МАН
Дар ин замин монанди ман
Ошиқ намеояд дигар,
Биншин ба рӯи чашми ман,
Лоиқ намеояд дигар.

пешина
аз 110
навбатӣ