ЗАМИНИ МОДАРӢ

То расад дастам ба ин болобаландӣ,
То расад дастам ба ин гардансафедӣ,
То расад дастам ба ин соқи сафедорӣ,
Ман ба рӯи шонаи худ мебароям.
Дар ду чашми осмонрангаш –
Осмонбӯсии сарҳои сафедорон,
Дар димоғаш –
Гумбази гардунхарошии сафедорон,
Ҷилваҳояш –
Ҷилваҳои сабзи шодоби сафедорон.
Аз тани нарми сафедории ӯ рӯзе
Меканам ман пӯстҳои ҷомаҳояшро,
Мармари санги сарамро
Зери пойи хуштарошаш мегузорам,
Ҳамчу дар зери сутунҳои сафедорӣ.
ХОБАТ БАРАД БА ҶУНБИШИ МАВЗУНИ НАБЗИ
МАН
Дам макашам сафедии рӯйи туро чу шир,
Ҳамчун ҳавои тоза фурӯ мебарам туро.
Дар таҳти санги синаи ман ҷӯш мезананд
Чу обҳои зери замин изтиробҳо.
Мӯйи ту он шабест, ки шабгарди он манам,
Шабкӯракаш, ки мепарад – ин чашмҳои ман.
Рӯйи ту – он маҳе, ки манам хобгарди он,
Бедор нест чашму равон аст пои ман.
Бо соқи дилписанди сафедории сафед,
Бо гардани баланди сафедории сафед,
Аз ҷӯйи шир, гуфтӣ, сафедори қоматат
Рӯида чун хаданги сафедории сафед.
Ман сина, сина, сина нафас мекашам туро,
Ман чашм, чашм, чашм туро мечарам тамом;
Ман бӯса, бӯса, бӯса туро мебарам ба лаб,
Ман мазза, мазза, мазза туро мечашам мудом.
Зери сарат ба хоб барам дасти хешро,
Зери сарам гузорӣ ту ҳам дасти хештан;
Хобам барад ба ҷунбиши мавзуни набзи ту,
Хобат барад ба ҷунбиши мавзуни набзи ман.
БОРОН
Зангӯлазанон гузашт борон,
Чобуку ҷавон гузашт борон,
Бо чилчилаҳо гузашт борон,
Бо шилшилаҳо гузашт борон,
Бо силсилаҳо гузашт борон,
Монанди занон гузашт борон.
Гесӯи занона дошт борон,
Луълӯи занона дошт борон,
Аз тирукамони ранга-ранга
Абрӯи занона дошт борон;
Дар шишачаи ҳубобаш атри
Хушбӯи занона дошт борон.
Монанди занон чамида мерафт,
Мӯяш ба замин расида мерафт,
Нозаш ба замин чакида мерафт,
Абрӯи камони рангаашро
Бо ишва қалам кашида мерафт…
Оинаи ҳар тиреза тар буд,
Аз қатраи реза-реза тар буд,
Аз дидани ҳар тирезаи тар
Дил тозаю дида тозатар буд,
Як рӯи занона дар назар буд.
Борон ғами чилрӯзаро шуст,
Борон дилу дидаи маро шуст,
Оинаи ҳар тирезаро шуст,
Оинаи синаи маро шуст…
Зангӯлазанон гузашт борон,
Чобуку ҷавон гузашт борон,
Бо чилчилаҳо гузашт борон,
Бо шилшилаҳо гузашт борон,
Бо силсилаҳо гузашт борон,
Монанди занон гузашт борон;
Борони ҳаво – давои дилҳо,
Дорӯи шукуфаҳои дилҳо.
АЗ ШАРШАРАИ МӮЯТ МЕНӮШАМУ МЕНӮШАМ
Бе гушнагии рӯят
Ман гушна намемонам,
Дар шаршараи мӯят
Лабташна намемонам,
Аз шаршараи мӯят
Менӯшаму менӯшам.
Аз ташнагӣ месӯзам –
Монанди биёбонам,
Дар шаршараи мӯят
Як қатра намемонам:
Аз шаршараи мӯят
Менӯшаму менӯшам.
Бе шаршараи мӯят
Ман моҳии мурдобам,
Дар шаршараи мӯят
Гулмоҳии Варзобам,
Аз шаршараи мӯят
Менӯшаму менӯшам.
Чашмони ту дарёӣ
Чун косаи гирдоб аст,
Дар шаршараи мӯят
Сад коса пур аз об аст,
Аз шаршараи мӯят
Менӯшаму менӯшам.
ҚАСАМ БАР ҲАРДУ ДИДААМ
Яке ту қаҳрии ману яке ту бо ман оштӣ,
Маро яке ту зинда кардию яке ту куштӣ…
Яке ба бӯса дар лабам ҳазор лола киштӣ,
Яке маро ту аз биҳишти ишқи худ биҳиштӣ.
На аз туам шикояту на аз ту ҳеҷ хашм,
Ки ман муҳаббати туро чашидаам ба оби чашм.
Қасам ба ҳарду дидаам,
Ки ғайри ту надидаам.
Шаби сиёҳи мӯи ман сафед шуд барои ту,
Адо шудам ба ҳар шабе чу моҳ дар ҳавои ту.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё