ЗАМИНИ МОДАРӢ

МЕШАВАМ АЗ НЕСТИАТ НЕСТ
Чун дарахти қӯшарӯида
Мову ту аз якдигар рустем.
Пеш аз ин бо якдигар будем,
Баъд аз ин дар якдигар ҳастем.
Ман пурам аз ту, пурам аз ту,
Ман мурам дар ту, мурам дар ту.
Косаи обе, ки чашми туст,
Андар он хоҳам, ки хас н-афтад.
Косаи шире, ки рӯи туст,
Андар он хоҳам магас н-афтад.
Ман пурам аз ту, пурам аз ту,
Ман мурам дар ту, мурам дар ту.
Аз ту осон нест дил кандан,
Мешавад банди дилам канда.
Ҳар касе сӯи ту меёзад,
Мекушад он кас маро зинда…
Ман пурам аз ту, пурам аз ту,
Ман мурам дар ту, мурам дар ту.
Гар равад дасти ту аз дастам,
Он замон дасти ман аз ман нест.
Ман, ки аз ҳастии ту ҳастам,
Мешавам аз нестиат нест.
Ман пурам аз ту, пурам аз ту,
Ман мурам дар ту, мурам дар ту.
Чун дарахти қӯшарӯида
Мову ту пайванду пайвастем,
Пеш аз ин бо ҳамдигар будем,
Баъд аз ин дар ҳамдигар ҳастем.
Ман пурам аз ту, пурам аз ту,
Ман мурам дар ту, мурам дар ту.
ИШҚИ ТИЛЛОӢ
Лола мечинам ман аз лабҳои ӯ,
Лола мечинад вай аз лабҳои ман.
Э ҷавонӣ, э ҷавонӣ,
Лолазор аз бӯсаҳо дорад ҷавонӣ
Дар лаби ёрони ҷонӣ…
Дар гулӯи ҷӯйборон об қул-қул мекунад,
Гӯиё чун кӯдаке дар хоб механдад замин,
Кӯчаҳо дар рӯбарӯи мо фарох афтодаанд,
Шаҳр аз пешона бикшодаст чин.
Беҳтар аз рӯзанд шабҳои ҷавонӣ,
Ишқомӯзанд шабҳои ҷавонӣ.
Шаб ҳама шаб ҷӯи об аз ошиқон аст,
Шаб ҳама шаб моҳтоб аз ошиқон аст,
Кӯчабоғи ошиқон то Каҳкашон аст.
Э ҷавонӣ, э ҷавонӣ,
Садқаи ин зиндагонӣ…
Метаровад зарҳали маҳтоб аз рӯяш,
Аз баёзи гарданаш,
Аз дасту бозӯяш.
Бӯсаҳои ошиқӣ дар оби зар тар мешаванд,
Бӯсаҳои ошиқӣ зар мешаванд.
Дасти ман печида дар дастони ӯ,
Дасти ӯ дар дасти ман печидааст.
Гӯиё имшаб тани бедарди ӯ
Дар тани бедарди ман сабзидааст.
Э ҷавонӣ, э ҷавонӣ,
Сақаи ин зиндагонӣ…
Дигарон дар бистари хоб,
То саҳар моро тилоӣ мекунад маҳтобшаб
Имшаб аз тиллои маҳтоб.
Хори мижгонаш, ки тилло мешавад,
Бебаҳо дар рӯи дунё мешавад.
Э ҷавонӣ, э ҷавонӣ, э ҷавонӣ…
Қадри ҷононро ту медонӣ,
Ҳалолат бод ҷон!
Ишқбозиро ту метонӣ
Ҳалолат бод ишқ!
Ин ҳама бедорхобӣ,
Хуштар аст аз хоби нӯшин,
Аз шаби мо нест ширинтар дар ин рӯи замин…
Баргҳоро аз сари роҳ
Мезанад шаббода ҷорӯб,
Меваи заррини маҳ дар шохи абр
Мерасад то рӯи девори ғуруб.
Ман намедонам дар ин маҳтобшаб
Мисли ман имшаб кӣ зар бардошта,
Моҳи тиллоӣ намепояд агар,
Ёри тиллоӣ ба ман бигзошта.
НОМАҲО
Номаҳоятро кушодам
Бар ҳаво сар додам аз даст,
То шаванд абри баҳорӣ
Номаҳои ёдгорӣ,
Бар сари талҳо бигирянд,
Чашмаю дарё бигирянд,
Номаҳо бар мо бигирянд.
Дина шаб кардам ҳикоят
Аз ту бар боди парешон.
Ман ба ёдат гуфтам аз ёд
Мисрае бар ҷӯйборон,
То барад обаш, ба дарёҳо бигӯяд,
То барад бодаш, ба саҳроҳо бихонад.
Дина шаб дар зери борон
Раҳ ба раҳ рафтам хаёлӣ.
Кокулатро ришта-ришта,
Бо хаёлам ришта рафтам.
Бӯсаҳои дар лабат нокиштаро
Қад-қади раҳ,
Лаб-лаби ҷӯ,
Дар заминҳо кишта рафтам.
То паёпай аз пайи ман
Қад- қади раҳ,
Лаб- лаби ҷӯ
Бӯса рӯяд ҳамчу қоқу,
Бӯса рӯяд ҳамчу ҳулбӯ.
Дина шаб бориду борид,
Об дар дарё нагунҷид,
Дина шаб танҳоии ман
Дар мани танҳо нагунҷид…
Дина шаб борони найсон
Аз заминҳо нақши по шуст.
Дар дилам доғе фузун шуд,
Чун пайи пои туро шуст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё