ЗАМИНИ МОДАРӢ

Ман паёпай бод менӯшам.
Бод менӯшад, намечинад.
Ҳар кӣ мечинад,
Зери пояш лола мерезад
Ба ранги қатраи хун;
Ҳар кӣ мечинад,
Панҷаҳояш мешавад аз лола хунолуд!
Мо намечинем, менӯшем, менӯшем
Ҷоми гулҳоро паёпай,
Ҷоми лабҳоро паёпай…
Лола аз гулбарг то бун,
Лоларӯён то ба нохун
Ҳамрагу ҳамрангу ҳамхунанд,
Ҳамрагу ҳамрангу ҳамхун.
Кӯҳи лолагардан
Ин кӯҳи лолагардан,
Монанди дилбари ман,
Сурхида то ба гардан,
Шарми занона дорад.
Ин чашмаро нигаҳ кун,
Як лаҳза тарки раҳ кун,
Ин чашма мезанад чашм,
Чашми занона дорад;
Аз ташнагии чашме
Як чашмаро бинӯшӣ,
Узру баҳона дорад.
Афтода ман ба зону,
Бобуна мекашам бӯ,
Бобунаи лаби ҷӯ
Бӯи занона дорад.
Меларзад ин сафедор
Дарақ-дарақ ба як бор,
Варақ-варақ ба як бор,
Шарақ-шарақ ба як бор,
Рашки занона дорад.
Обу ҳавои найсон
Аз офтобу борон,
Аз хандаҳои гирён,
Аз гиряҳои хандон
Феъли занона дорад.
САРНОМА
Шабҳо ба алам қалам занам аз паи ту,
Бо чӯби қалам қадам занам аз паи ту,
Аз пораи дафтари дусадпораи хеш
Дар чӯби қалам алам занам аз паи ту.
Хобам чу калобае пароканда шудаст,
Печида ба пои ҳар касе канда шудаст,
Озори ту, хокхӯрда чун занбӯре,
Дар синаи ман газандаи ганда шудаст.
Ишқи ту накушт агар маро дар таби дил,
Табхолаи ишқи ту нарафт аз лаби дил,
Бишкуфту ҳанӯз мешукуфад хуншор,
Ишқат чу гули шабонае дар шаби дил.
Ин шеъру ғазал, ки менависам шабҳо,
Ҳар донаи нуқтааш бувад тирнамо,
То доғи ҷавониам ба пирӣ набарам,
Охир ба қаламкамон паронам худро.
ДИЛАМ МЕСӮЗАД
Аз доғи ту дам ба дам дилам месӯзад,
Аз бахти пиёдаам дилам месӯзад,
Беҳ, чашми маро намекушодӣ дар ишқ,
Аз чашми кушодаам дилам месӯзад.
То аз ғаму шодии ту пур шуд дили ман,
Монанди гуле ба ханда дур шуд дили ман,
Ишқи ту намурду зиндамур шуд дили ман,
Бар ин дили мурдаам дилам месӯзад.
Аз бахши ту ғусса хурдаам беҳуда,
Беҳ аз дигарат шумурдаам беҳуда,
Дар ишқи ту ҷон супурдаам беҳуда,
Бар ҷони супурдаам дилам месӯзад.
Вақте ки ғами ту мекунад дилгирам,
Мехезаму дафтару қалам мегирам,
Аз дафтару аз қалам алам мегирам,
Бар дафтару бар қалам дилам месӯзад.
Чун хори шикастае, ки монад дар тан,
На беманӣ як даме, на як дам бо ман,
На аз тани ман ҷудо, на бо ман ҳамтан,
Аз беҳамии баҳам дилам месӯзад.
ДАР ОФТОБШИН
Офтоби зарди бегоҳ
Дар уфуқ девори тилло баста буд,
Сар ниҳода бар сари зонӯи кӯҳ,
Бар дари дарвозаи тиллоияш биншаста буд.
Пеши ин дарвозаву девори ӯ
Сарзамине буд, ки аз он
Ғайри ман ин лаҳза олам бехабар буд,
Осмонаш арғувон корида буд,
Сарзамини пурсамар буд.
Оби зар дар ҷӯйборон дошт,
Обшорони зарафшон дошт,
Пуштаҳо аз пуштаи абри равон дошт,
Пуштаи абри равонаш лолазорон дошт.
Балки дар он равшанистон
Дар намуди абри сӯзон
Аспҳое барги оташ мечариданд
Аз лаби сурхи уфуқҳо,
Аспҳои зарди зарринёли руъё.
Балки дар он равшанистон,
Дар намуди абри сӯзон,
Мепариданд орзуҳову париҳо,
Безаминҳои заминҳо.
Сарзамине буд, ки аз афсонаҳо буд,
Сарзамини ишқи мо буд,
Дар ҳаво буд,
Сарзамини безамине,
Беҳтар аз ҳар сарзамине.
Бехабар мерафтам аз худ
Ман ба он мулки зарандуд.
Бе ту мебурдам туро ҳам
То ба он дунёи зебо,
То ба он дунёи руъё,
То ба он дунёи худ,
Дунёи худ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё