ЗАМИНИ МОДАРӢ

Эй дареғо, чи қадар кӯтоҳ аст
Умри ҳар шоир чун умри гул,
Ҳар киро сактаи ашъор накушт,
Мекушад оқибаташ сактаи дил.
Сари он пушта сафедӣ дорад
Абри мӯи сари Турсунзода.
Аз уфуқ чашм намебардорам
Ҳамчунон аз дари Турсунзода.
Ҳанӯз Ансорӣ нарафтаст аз ёд,
Меравад дуди сигораш бар бод.
Ман хаёлан ҳама дам меафтам
Аз ҳамон тоқ, ки Маҳмуд афтод.
Бо шукӯҳе, ки Шукӯҳиро буд,
Нарм мерафт ба мисли соя,
То ки аз хоб нагардад нофор
Тифли гаҳворагии ҳамсоя.
Хабари рӯи ҷаҳон ҳар соат
Гирд гардад ба сарам чун гирдоб,
Лек аз он дам, ки Ҳабибулло нест,
Ман надорам хабаре аз Кӯлоб.
Ҳануз аз ҷилди китобаш бар ман
Сураташ тозаву тар механдад,
Сураташ бехабар аст аз маргаш,
Сураташ, бин, чи қадар механдад…
Шоиронро, ки ҷадалҳо доранд,
То аҷал зинда расидан мушкил,
Ҳар киро сактаи ашъор накушт,
Мекушад оқибаташ сактаи дил.
САФАРЕ БА ДИЛҲО
Ҳар гаҳе дар орзуи шеър бардорам қалам,
Дар хаёлам рӯи Турсунзода гардон мешавад,
Ҳам қаламро, ҳам маро хомӯш гирён мекунад,
Ашки ман - ашки ятими шеър борон мешавад.
Ҳамчу номи шоирии Тоҷикистони азиз
Номи ӯро дӯш дар гаҳвора азбар кардаем.
Бар лаби мо шеъри ӯ дар кӯдакӣ омад ҳанӯз,
Шеъри ӯро нӯши ҷон бо шири модар кардаем.
Хандаи тифлонаи ӯро ба ёд орам агар,
Хандаи тифлонаам аз тифлӣ меояд ба ёд,
Кӯдакию навҷавонӣ монда буд дар ӯ ҳанӯз,
Ошиқию ишқи модарзоди ӯ поянда бод.
Боғшаҳри мо, ки бӯи наварӯсон мекунад,
Бӯи ёрон, бӯи оғӯши азизон мекунад,
Гар чу боғе меваи шодобу ширин додааст,
Бӯсаҳои ошиқону шеъри Турсунзода аст.
Халқ бар шеъри тару бар гармии дидори ӯ
Чун бар иқлими Ватан бисёр одат карда буд.
Ҳар куҷое буд Турсунзода Мирзо, халқ буд,
Ҳар куҷое халқ буд, Мирзои Турсунзода буд.
Гарчи умре пой берун дошт аз маъвои хеш,
Бо ҷаҳонгардӣ агарчи дар ҷаҳон машҳур буд,
Ҷои ӯро дар Ватан холӣ намедидем мо,
Ӯ на чун дерина, чун оянда аз мо дур буд.
Боз ҳам ӯ рафт, ҷояш ин сафар озод монд,
Аз сафарҳои пасинаш ин сафар дар ёд монд,
Ин сафар наздик буд раҳ, то лаби Варзоб буд,
Лек чун Варзоб дар чашмони мардум об буд…
Ҳар гаҳе дар орзуи шеър бардорам қалам,
Дар хаёлам рӯи Турсунзода гардон мешавад,
Ҳам қаламро, ҳам маро хомӯш гирён мекунад,
Ашки ман, ашки ятими шеър борон мешавад.
Он ки мепурсад маро, он шоири мутоз ку?
То ҷавобашро бигардонам, маро овоз ку?
Ман намегӯям, ки ӯ аз дори дунё рафтааст,
Ҷои ӯ дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст.
Барои устод Сотим Улуғзода
Ҳастии бузургон чист? –
Чизе, ки нагардад нест,
Ҷоне ҳама дар меҳнат,
Ҷисме ҳама дар сабқат.
Ҳамчун маҳи шабхӯрда
Кам гаштану хам гаштан,
Ҳамчун маҳи нав аз нав
Зам гаштану зам гаштан.
Садпора шудан сад бор
Чун об ба сад кӯе,
Баргаштану пайвастан
Чун об ба як ҷӯе.
Беҷо шудан аз ҷое,
Аммо на ба вайронӣ,
Девори Бухоро буд
Исмоили Сомонӣ.
Шиштан масали хуршед,
Ҷастан масали хуршед, -
Хуршед ҳамешинад,
Хуршед намешинад.
Як зарра ҷудо гаштан
Дар ҳар қадаме аз хеш,
Як зарра адо гаштан
Бо ҳар аламе аз хеш.
Шамшоди қади худро
Дар пирӣ асо кардан,
Шамшоди қадат дар даст
Пирии расо кардан.
ДАР ЁДБУДИ МУҲАМАДҶОН РАҲИМӢ
Шеъри нав гуфтаму рафтам ба дари хонаи ӯ,
Лек ман даст набурдам тарафи дастаи дар,
Дар гулӯям нафаси шоирӣ якбора шикаст,
Ки мабодо дигаре ояд аз ин кулба бадар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё