Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Абри мӯи сафеди онҳоро
Метавон гуфт абри беборон,
Ҳама дар дидаю дили онҳост
Хушкию қаҳтиҳои ними ҷаҳон…
Саҳнае ҳаст рӯзу шаб гардон,
Бар фанаш бин, ба санъаташ бингар,
Саҳнаи дигаре нахоҳӣ дид
Ин қадар хандахезу ашковар.
Саҳнаи зиндагӣ бувад агар ин,
Тарсам аз пардаҳои поёнаш.
Ҳамчу санъатшинос дар аҷабам
Ман аз устоду коргардонаш.
ШЕЪРИ БЕСАДО
Ёдҳои ман пуранд аз бодҳои новазон,
Чашмҳои ман пуранд аз обҳои норавон.
Гӯшҳои ман пуранд аз нағмаҳои бесадо,
Дастҳои ман пуранд аз дастранҷи ноаён.
Абру боронҳо маро дар дида ҷо бигрифтааст,
Чашми ман ними ҳаворо аз ҳаво бигрифтааст,
Мефиристад бар ман он боде, ки Файзободи ман,
Он маро чун осиёби бодҳо бигрифтааст.
Лек ҳуввас мезанам чун ошёнҳои тиҳӣ,
Зоҳиран кам нест дар оғӯши ман ҷои тиҳӣ.
Пашшаеро ҳам набинӣ дар ҳавои хотирам,
Ҷомаи ғӯк аст бар ман ин қабои зоҳирӣ.
Аз бурун хомӯшам, аммо аз дарун пургуфтугӯ
Чунки умре ҳарфҳои хешро бурдам фурӯ,
Аз бурун ман аз хате ин ҷо намеоям бурун,
Аз дарунам қибла аст ин ҷо маро ҳар чор сӯ.
Аз бурун хобам, валекин аз дарун бедорхоб,
Гӯши ман сӯи дарун боз аст чун гӯши ҳубоб.
Пои ман сӯи дарун ёзида ҳамчун решае,
Ҳар қадар сӯи дарун раҳ меравам, роҳест боб.
Ёдҳои ман пуранд аз бодҳои новазон,
Чашмҳои ман пуранд аз обҳои норавон,
Гӯӣ, дар хасрӯбаи мижгони ман дам хӯрдаанд
Чашмаҳоеро, ки ман дар дида медорам аён.
Баски ҷинбоди ҳавасҳоям дарун афтодаанд,
Чун гиреҳбанде нафасҳоям дарун афтодаанд,
Мебарам ман оқибат ин обҳоро ҳам фурӯ,
Мекунам пас косаҳои чашмҳоямро пурӯ.
ТИРАМОҲАМ
На дигар хирмани гандум, на дигар хирмани моҳам,
Ба ҳаво тӯдаи абрам, ба замин тӯдаи коҳам;
Тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам,
Ҳама зардам, ҳама гардам, ҳама дардам, ҳама сардам.
Қафаси синаи гулбун қафаси тӯтии гул буд,
Қафаси синаи ман ҳам қафаси тӯтии дил буд,
Ки пари тӯтии гул рехт, пари тӯтии дил ҳам;
Тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам,
Ҳама зардам, ҳама гардам, ҳама дардам, ҳама сардам.
Дили боғ аст аноре, ки кафидаст дуним,
Вой, ман аз дили худ, аз дили худ дорам бим,
Дили ман, нест аҷаб, гар бикафад ҳамчу анор,
Ба назар қатраи хунаш ки бувад донаи нор;
Тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам,
Ҳама зардам, ҳама гардам, ҳама дардам, ҳама сардам.
Сурмаҳои сари мижгони санавбар аз хок,
Ба куҷо хӯшаи ангур бирафт аз кафи ток?
Мардум имрӯз агар хирману анбор гирифт,
Чашми ман дар сари мижгон пари каҳ бор гирифт;
Тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам,
Ҳама зардам, ҳама гардам, ҳама дардам, ҳама сардам.
Нарасидаст, напухтаст чу такмеваи боғ
Чи қадар мева аз ин боғу аз он меваи боғ.
Нарасидаст, напухтаст чу такмеваи шеър
Чи қадар меваи шеърам, ки дар ин шохи қалам;
Тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам,
Ҳама зардам, ҳама гардам, ҳама дардам, ҳама сардам.
БО ДОҒҲО ДАР БОҒҲО
Ҳар куҷо ошиқи муштоқе буд,
Ҷуфт шуд, ҷуфт, агар тоқе буд,
Боз ҷамъияти гул ҷамъ омад,
Боз рӯзи сухани Боқӣ буд.
Халқ бо Боқиву Боқӣ бо халқ
Гӯиё ҳамтану ҳамҷон буданд.
Халқ бо Боқиву Боқӣ бо халқ
Сурату сирати яксон буданд.
Пирро ҳамчу ҷавон хандондан
Агар аз ҷумлаи мумтозии ӯст,
Ҳамчунон соиқа хандон мурдан
Сабақи охири устозии ӯст…

пешина
аз 110
навбатӣ