ЗАМИНИ МОДАРӢ

Ту дар пушти сару дар лавҳа Айнӣ,
Ба мисли сангаре дар ҷабҳа Айнӣ,
Ба таърихи ту чун сарлавҳа Айнӣ,
Ало шаҳри ҷавонӣ, шаҳри ҷонӣ.
Бимон, аз ваҳдат ободат бибинам,
Сарои ваҳдатободат бибинам,
Бародарвор ҳамзодат бибинам,
Ало шаҳри ҷавонӣ, шаҳри ҷонӣ.
Туро ман мепарастам саҷда-саҷда,
Чу ҳамтан мепарастам саҷда-саҷда,
Чу меҳан мепарастам саҷда-саҷда,
Ало шаҳри ҷавонӣ, шаҳри ҷонӣ.
ҲАВОИ ТОЗА
Шаҳри худро намешиносам ман,
Дару деворҳояш аз оҳан,
Баста бо миллаҳои оҳанбор,
Баста бо симхор роҳи баҳор.
Симтӯраш ба зайли зардпечак
Сахт дар банди пой мепечад,
Бехавотир наметавон ёзид
Мехалад симе,
Мехалад сихе,
1Лақаби Исмоили Сомонӣ
Мехалад мехе.
Боғро аз миёни панҷараҳо
Ҳамчун аз роғи панҷа мебинӣ,
Сари роҳи насим панҷарабанд,
Сари роҳи баҳор панҷарабанд.
Мани дармонда дар паси дари хеш
Менишинам ба ҳамсарам маҳтал,
Чунки сим-сими коди қулфашро
Бурдаам аз ёд…
Ҳамчу ҷинси латиф фасли баҳор,
Чун тавонад гузашт аз ин ҳама хор?
Чун тавонад гузашт аз ин ҳама банд?
Чун тавонад гузашт аз ин ҳама сим?
Чун тавонад гузашт аз ин ҳама теғ?
Бигузоред боди гулгардон
Бӯи гулро вазонад аз Лучоб,
Бӯи гулро вазонад аз Варзоб,
Шаҳр аз атри гул шавад сармаст,
Шаҳр аз атри гул шавад мадҳуш,
Шаҳр аз атри гул шавад беҳуш.
БАҲОРИ РОҒОН
Дигар баҳор дер намеояд,
Аз теғаҳо намегузарад,
Аз ағбаҳо намегузарад,
Рост меояд,
Бо нақби Шаршар,
Бо нақби Шаҳристон,
Бо нақби Анзоб,
Бо Чормағзак рост.
Дигар баҳор дер намемонад,
Дар печухам,
Дар ҷӯю ҷар дарнамемонад,
Зуд меояд,
Бо тахт роҳи Суғд,
Бо тахт роҳи Бадахшон
Бо тахт шаҳраҳи Хатлон.
Дигар баҳор фасли боғон нест,
Фасли Роғон аст,
Фасли чароғон, қуббаҳои оби боронаш
Аз шаддаи қандил,
Дар сақфи ҳар як хона овезон.
Дар симчӯбаш,
Замбурӯғи лампа мерӯяд.
Мешукуфанд бар дару девор
Аз лампа гулҳои намози шом.
Аз шабчароғон
Аз чилчароғон
Шабҳои ялдо
Мешаванд кӯтоҳ.
Ҳар қадар, ки ноқили Роғон
Ёзидан бигирад,
Рӯзи мо ҳам дер меёзад,
Ки дар ноқил
Зулоли равшанӣ ҷорист,
Шиддати нур, неруи ҳарорат.
Бар сари ҳар тоқ,
Дар ҳар сутунпоя
Печаке аз сад чароғак
Печдарпеч ишқи печон,
Зиннати гулгашт,
Ороиши барзан,
Зеби кӯчабоғон…
Дигар баҳор
Фасли боғон нест,
Фасли Роғон аст.
Соядасте ба қаҳрамонони ҷумҳурӣ
Чун меравад аз шумо касе як соат
Аз ёди касе чу қаҳрамони миллат?
То акси шумо ба рӯи пулҳо ҳама ҳаст,
Ҳар сония меравед аз даст ба даст!
КӮЧАҲОИ ҶАВОНӢ
Кӯчаҳои ҷавониам шабу рӯз
Бӯйи атри занона мекарданд,
Бӯйи атри занона аз ҳар сӯй,
Бӯйи атри занона аз ҳар кӯй,
Ғайр аз ин бӯй бӯ намекарданд.
Кӯчаи бӯсаҳои лабсӯзам,
Кӯчаи қиссаҳои дилсӯзам,
Кӯчабоғи ҳазору як таби ман,
Кӯчабоғи «Ҳазору як шаб»-и ман,
Кӯчабоғи ҳазору як рӯзам.
Кӯчаи чашмҳои Марямбӣ,
Чашмҳои сиёҳи алмосӣ,
Ки ба як қирааш назар мекард,
Рахна дар шишаи ҷигар мекард.
Баҳриву шаҳпари ду абрӯяш
Чун пари мурғи бахт дар дастам,
Пари Симурғи бахт дар дастам,
Пари сӣ мурғи бахт дар дастам.
Кӯчаи Саврие, ки дар кафшаш
Дӯстгонӣ шароб мехӯрдам,
Ман, ки аз Ҷоми Ҷам намехӯрдам.
Кӯчаи Нозуке, ки нозашро
Нозболину нозбӯ кардам.
Ман, ки дасти худо намебӯсам,
Саҷда бар синабанди ӯ кардам.
Ману як барзанею ҷиз-ҷизи дил,
Камару гарданею ҷиз-ҷизи дил,
Рангубори занею ҷиз-ҷизи дил,
Чоки пироҳанею ҷиз-ҷизи дил,
Хиш-хиши доманею ҷиз-ҷизи дил,
Ғамзаи рафтанею ҷиз-ҷизи дил.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё