Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ғори момоҷавобакат хаспӯш,
Акси овози ман намеояд
Ҳар қадар гӯш мекунам хомӯш.
Пуштаҳо, пуштаҳо!
Салом, салом!
Пуштаҳои дулонаҳои қатор,
Эй дарахтони зарди тиллоӣ,
Шохсорони зарди тиллоӣ,
Меваҳои сағераҳо будед,
Ҳамчу рӯи сағераҳо зардед…
Бингарам чун ба хӯшаи ангур,
Оби чашмам маро ба ёд ояд,
Гуфтӣ, дар навдаи буридаи ман
Пухта ангури оби дидаи ман.
Ҳамрагам ман ба ҳар раги токаш,
Чун раги ток кур аги покаш.
Бингарам чун ба гӯшаи гандум,
Хоҳаронам маро ба ёд оянд,
Ҳарду абрӯ чу хӯшаи гандум,
Сафи мижгонашон аҷаб хушрӯ,
Ҳамчу мижгони хӯшаҳо анбӯҳ.
Бингарам чун ба чӯҷаҳои ятим,
Додаронам маро ба ёд оянд.
Ҳамчу кӯдак гириста аз ҳама дар
Чӯҷае ҷеғ мезанад модар,
Чӯҷаи бепар.
Дуди печони ошдонҳояш
Дар ҳаво, дар ҳаво, ки мепечад
Ҳамчу гесӯи духтари қишлоқ,
Кокулони фалонӣ мегӯям,
Дар гулӯям садо, ки мепечад,
Бесадо, бесадо ҳамегӯям.
Ба куҷое назар намедӯзам,
Раг ба раг, шарҳа-шарҳа месӯзам,
Мӯ ба мӯ сӯхтам ману лекин
Кам нашуд, кам намешавад сӯзам.
Деги шираш, ки медамад ба назар,
Медамад деги осмони саҳар.
Бас маро, бӯйи шири гармаш, бас,
Бас маро бӯйи нони гармаш, бас,
Як нафас, як нафас ҳавояш бас,
Пойандози сояҳояш бас…
Солҳо пеш модарам ин ҷо
Аз сари теппае гуселам кард,
Гуфтӣ, аз кӯдакӣ гуселам кард.
Сӣ сари сол баъди модарамон
Охирин додарам гуселам кард,
Абадӣ аз ватан гуселам кард.
ЗАМИНИ МОДАРӢ
Замини зина-зинаам,
Замини бора-бораам,
Замини саҷда-саҷдаам,
Замини шеървораам;
Замини модарии ман,
Ватан, Ватан, Ватан, Ватан.
Ману ту ҳарду ҳамбадан,
Ду пайкари тани ба тан.
Ту тора-тора дар вуҷуд
Танидаи чу тору пуд;
Замини модарии ман,
Ватан, Ватан, Ватан, Ватан.
Туро чу хоки дилнишин,
Қадам-қадам ба хезу шин
Ҳазор бӯса мезанад
Кафи ду поям аз ҷабин;
Замини модарии ман,
Ватан, Ватан, Ватан, Ватан.
Ману гулу гиёҳи ту,
Ману пиёдароҳи ту,
Ба пилки дида коҳи ту,
Ба рӯи дида моҳи ту;
Замини модарии ман,
Ватан, Ватан, Ватан, Ватан.
Дарида ғози хасрават,
Чу рахти кӯҳнаву нават,
Чу докаҳои модарам,
Чу тиккаҳои модарам;
Замини модарии ман,
Ватан, Ватан, Ватан, Ватан.
Ба наъра аз ҳазор ҷар,
Ба ғуриш аз ҷари дигар,
Ту мерасӣ ба доди кас,
Ба доди кас ҳамин ту бас;
Замини модарии ман,
Ватан, Ватан, Ватан, Ватан.
Маро ба каҳгили ту сохт,
Касе, ки ҳамгили ту сохт,
Ба ғураи гили ту сохт.
Агар касам, каси туам,
Агар хасам, хаси туам;
Замини модарии ман,
Ватан, Ватан, Ватан, Ватан.
Ало шаҳри ҷавонӣ, шаҳри ҷонӣ
Туро ман мепарастам саҷда-саҷда,
Чу ҳамтан мепарастам саҷда-саҷда,
Чу меҳан мепарастам саҷда-саҷда,
Ало шаҳри ҷавонӣ, шаҳри ҷонӣ.
Ту ҳамсини манӣ дохундабунёд,
Ту ҳамсони манӣ дохундаобод,
Ту ҳамҷинси манӣ дохундаавлод,
Ало шаҳри ҷавонӣ, шаҳри ҷонӣ.
Чанористонат аз ман ҷаста-ҷаста,
Чанористонат аз ман раста-раста,
Чанористонат аз ман реша баста,
Ало шаҳри ҷавонӣ, шаҳри ҷонӣ.
Ба дарҳо кӯчарӯбат хоҳарам буд,
Ба шабҳо посбонат додарам буд,
Дуогӯи ту умре модарам буд,
Ало шаҳри ҷавонӣ, шаҳри ҷонӣ.
Агар вайронаи Тахти Ҷамат нест,
Ҳазоронсола Нақши Рустамат нест,
Зиёратгоҳи некӯи камат нест,
Ало шаҳри ҷавонӣ, шаҳри ҷонӣ.
Ба майдони ту «Девори Бухоро»,
Ки ҳар хишташ бувад аз санги хоро,
Самарқанду Бухоро карда барпо,
Ало шаҳри ҷавонӣ, шаҳри ҷонӣ.

пешина
аз 110
навбатӣ