ЗАМИНИ МОДАРӢ

КАТИБАИ ҶАМҶАМА
Арвоҳи ранҷдидаи ношоди ман куҷост?
Ӯ боду абр гаштаю ман ҷоми бодаам.
Дасти ба даст меравам имрӯз пурсафо,
Бе рӯҳу дардпарвару бе ақли содаам.
Дар аҳди хеш будаам ман ҳамшаробие,
Ман ҳам ба шодмоние нӯшидаам шароб,
Ин рӯзи нек меравад, эй марди майгусор,
Серӣ бинӯш бедиранг аз ман шароби ноб.
Шодам, ки дур мондаам аз силки мурдагон,
Аз гӯри саҳмовару аз чанги мору мӯр.
Дар базми майгусорие мегардам ин замон,
Дар дасти айшпарваре ман мекунам ҳузур.
Чун мағзи ранҷдидае барбод додаам,
Хоҳам, ки боз андакам пурбортар кунед.
Ғофил зи рӯзгораму вораста аз алам,
Охир, зи нӯшобаам саршортар кунед!
Умри азиз кӯтаҳ аст, эй дӯст, оқибат
Ин сар ба бод меравад, бо бода шав басе.
Фардо ба шодмоние дар косаи сарат
Дар базми майгусорие май мекашад касе.
Рӯзи ту боз мерасад фардо, шаробнӯш,
Гоҳам сабук даркашу ғамро нишон фуруд.
Гарчи хароб гаштаам, коре кунам, ки дӯш
Он мағзи нозпарварам боре накарда буд.
Гийом АПОЛЛИНЕР
(Франсия)
ИСФАҲОН
Исфаҳон байни ҷаҳон аст,
Исфаҳон гулбоғи Эрон аст.
Мешукуфад нимашаб гулҳои хушбӯяш,
Метаровад нимашаб маҳтоб аз рӯяш.
Ҳар куҷо рангест зебо
Аз фунуни шеъру санъат,
Ҷӯйбораш вақти танҳоӣ
Мекунад чун ҳамзабоне бо ту суҳбат.
Барги арар мешуморад дар паси бом
То саҳар шаббодааш бедор.
Сангҳоро мекунад об
Нағмаи ғамноки сетор.
Бар лаби себаргаҳояш донаи шабнам
Мечакад аз мижжаи сабзи ситора.
Моҳи симин симдӯзӣ мекунад то рӯз
Сояҳояшро раҳораҳ.
Тоқу девору дараш пурнақш,
Тоқу девору дараш рангин:
Каҳкашонро кардаанд ин ҷо
Бар дару деворҳо парчин.
Мебарояд офтоб аз пушти гумбазҳои обӣ,
Риши зардаш медамад пеш,
Гӯиё савдогаре бо риши анбӯҳ
Мебарояд аз паноҳи соябони обии хеш.
Пеш-пеши аҳли русто
Мераванд аз кӯча маркабҳои пурбор
Сӯи бозор,
Ғул-ғули ҳезумфурӯшон
Исфаҳонро мекунад аз хоб бедор.
Аз паси деворҳо ёзонда гардан
Байни худ дар гуфтгӯянд
Ҳамчунон ҳамсоязанҳое сафедорони пургӯ.
Мӯсафедон мебароянд аз дари масҷид,
Пушташон хам гашта ҳамчун шохи оҳӯ.
Аз сари дарвозае боз
Лавҳае бар раҳгузарҳо мезанад ҷор:
Куҳнаколо мефурӯшам,
Куҳнаколо мехарам боз!
Исфаҳон афсонаҳои зиндаи эрониён аст, -
Зиндагӣ афсонамонанд,
Бандагӣ афсонанмонанд,
Хоки Одам аз замини Исфаҳон аст.
РАСМИ ҶОВИДОН
Мо ҳама гӯё ба истиқболи фардо раҳсупорем,
Мо ҳама ҳар лаҳза гӯё
Мекунем аз роҳи фардо фарсахеро пушти сар...
Бехабар аз он ки мо дар ҷои худ по мезанем,
Рӯзу шаб чун аспи қантар.
Лаҳзае аз худ нарафта,
Гӯиё ҳар лаҳза берун мешавем аз хоку аз мок,
Меравем афтону хезон аз паси истораи думболадор
Ҳамчу Дон-Жуан, ки мерафт аз паси занҳои нопок....
Ин сафарҳои ҳавоӣ
Як саробе дар биёбон аст,
Дар биёбони хаёлу хотири хеш,
То ки мо худро барем аз ёд
Ҳамчу як сайёраи гумном,
Ҳамчу як истораи хомӯш.
Осмон моро тақозо мекунад,
То бароем аз ҳади хеш,
Мисли он Колумби дарёгарди дарёҳои дерин,
К-ӯ баромад аз ҳаду аз сарҳади дунёи дерин...
Дар сукути сангии мо,
Ончунон Колумб мебояд, ки ӯ
Ё кушояд баҳри мо моро ба мисли қитъае,
Ё мисоли қитъае минҳон кунад.
Он қадар пинҳону гумноме, ки дар рӯи замин
Ҷои мо монад барои насли баъдин.
Чунки расми ростин ин асту ин буд:
Нестие гар набошад, ҳаст нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё