ЗАМИНИ МОДАРӢ

Ман ҳамимшаб то саҳар бояд бимирам чун сипоҳӣ,
Ин замон истодаам дар интизори субҳи равшан,
То кафан гардад маро субҳи сафедат вақти мурдан,
То ки субҳатро ба хуни синаам рангин кунам ман;
Бар замин хунам бирезад чун шафақҳои пагоҳӣ.
Сарзамини нозанинам, духтари гирёни ховар
Ман ҳанӯз аз кӯдакӣ ҳамдарду ҳамрози ту будам.
Гуфта будам, то намонад дар ниҳодат доғи олам,
Шустушӯят мекунам бо хуни худ рӯзе саросар,
Риштаҳои чини ғамро аз ҷабинат мекушоям.
Мекушад акнун маро ин орзу дар ҳукми сарбоз,
Ман ки рафтам, ту бимон, эй кишварам пас аз сари ман.
Ман чу мурғе рӯзи парвози ту мемонам зи парвоз,
Мешавад анҷоми ман бар ҷумла анҷоми ту оғоз;
Марги ман бояд туро тавлид созад ҳамчу Меҳан.
Дар баҳорон, дар ҳамон вақте ки бо гулҳои худрӯ
Пуштаи ҳар куштаашро вақт мепӯшонад аз шарм,
Лолае аз ин дили садпораи ман мезанад рӯ;
Ёри ман гар лаб бимонад бар лаби гулҳои худрӯ,
Мешавад пешониам аз гармии лабҳои ӯ гарм.
Мон, ба рӯи қабри ман шабҳо бирезад партави моҳ.
Дар миёни сабзаю хору хаси ӯ ғуссаовар,
Боди шабрав ҳамчу одам дар ғами одам кашад оҳ.
Мон, сарояд дар салиби гӯри ман мурғе саҳаргоҳ
Он сурудеро, ки бояд месурудам ҳамчу шоир.
Мон, чакад андар мазорам дона-дона ашки ёрон,
Мон, расад то устухонам гармии хуршеди тобон
В-аз мазорам ҳавр хезад чун хаёлоти парешон.
Мон, дуо хонад ба арвоҳам касе ҳамчун паямбар,
То ту ҳам, Меҳан, дуо гӯӣ маро боре чу модар.
Аз шаҳидонат ибодат кун ба даргоҳи худованд,
Ёд овар аз асирафтодаҳоят шоду ношод.
Мурдаҳоятро иноят кун, ки аз баҳри ту мурданд,
Ғусса хӯр бо бевазанҳо рӯзу шаб аз марги фарзанд,
Бо ятимонат дуо мегӯ, магар гардӣ ту озод.
Чун шабонгаҳ қабрҳоро мекашад шаб зери домон,
Мурдаҳоро зиндаҳо якбора танҳо мегузоранд,
Хоб кун бо мурдаҳоят то саҳар сар дар гиребон,
Хоб кун, то ман сароям бо забони боду борон,
Бо ҳавои боду борон мурдаҳо барбат навозанд.
Эй ватан, бо обу хокат аз азал будам баробар,
Чун ту ҳастӣ ҷовидон, аз марги худ мотам надорам,
Гар мазорам бар замин яксон шавад ҳам, ғам надорам.
Нест парвое, агар аз ман намонад ному дафтар,
Хоки ман бо хоки ту пайваста мемонад ба олам.
Дар баҳорон ҳамчу гул мехезам аз оғӯши саҳро,
Мевазам аз марғзорон чун насими ботароват.
Мешавам бӯи алафҳо, мешавам овози дарё,
Мешавам фарёди мурғон дар шаби гармою сармо,
Байти ғамгин месароям бар ту аз сидқу садоқат.
Эй ҷазоири Филипин, ғуссаҳои ғуссаи ман,
Бишнав акнун, бори охир бар ту мегӯям видоӣ-
Волидону дӯстонамро бароят монда мерос,
Меравам ҷое, ки бояд ҷовидон ёбам раҳоӣ
Аз ғуломӣ, аз азоб, аз қотилони ишқу ихлос...
Алвидоъ, эй ғамгусорон, эй бародарҳои ҳамтан,
Бас дилам орзурдаи андӯҳу меҳнатҳои дунёст,
Ман фароғат меравам сӯи мазористони Меҳан.
Алвидоъ, эй Андалузӣ-дилбари хориҷии ман,
Хайр ёрон, хайр ёрон... Марги мо худ роҳати мост!
Ҷорҷ БАЙРОН
(Англия)
ПРОМЕТЕЙ
Бар қисмати мо бандаи бечораву ҳайрон,
Бар кӯтаҳии бахти фурӯхуфтаи инсон,
Бас ҷор задӣ бо аламу меҳнати бисёр,
Пайғомбарӣ кардӣ бар одаму олам,
Кас дод магар бар ту мукофоти сазовор?
Бингар, ки касе нест кунун дар ҳама олам
Монанди ту побастаи занҷири ситамкор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё