Фарзияи усто Салим

телефон чунон баланданд, ки ба саломатии инсон зарари сахт мерасонанд. Олимон, аллакай исбот намудаанд, ки суҳбати тӯлонӣ тариқи телефони мобилӣ ба асаби инсон, хотира ва мағзи сар зарар доштааст. Бархе аз коршиносон бар он ақидаанд, ки истифодаи мунтазами телефони мобилӣ, эҳтимоли пайдо гардидани саратони сарро афзун мегардонад.
Дар асри бисту як ягон беморӣ мисли саратон ин қадар зиёд хуруҷ наёфтааст, сабабаш чист? Сабабаш боз ҳамон экранҳо, ки дар худ мавҷҳои электромагнитӣ ва ҳазорҳо зарару хатарҳои дигарро маҳфуз медорад, - илова намуд полковник.
– Ин суханҳотон ҷой дорад, рафиқ полковник, гуфта бо дасти чапаш дасти рости полковникро қапида, риштаи суҳбатро ба худ кашид профессор.
– Ҳозир дар бораи коста шудани меҳри одам ба одам бисёр мешунавему мебинем, солҳои пеш одамон ба якдигар меҳрубонтар буданд. Одамбезориро аз ҳама бештар дар шаҳрҳои калони сераҳолӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Чаро ва бо кадом сабаб одами муосир аз дидори якдигар безор шудааст? Ягон посухи дақиқ нест. Лекин сабаби асосиаш боз ҳамон экранҳо аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё