Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Бас аст, шумо ба ғайр аз танқиди технологияҳо ва ҳамаро мисли «зомби» баробар карданатон, ҷиҳатҳои мусбати телефону экранҳоро фикр кардан як сӯ истад, ҳатто шунидан намехоҳед. О, ҳозир асри бисту як аст, асри кашфиётҳои технологӣ, рафти зиндагӣ чунон тез шудааст, ки сухани имрӯзаатонро пагоҳ касе ба ёд намеорад, дигар вақти дар чойхона нишастану оҳистаоҳиста чойи кабудро дам кашидаву ҳар як калимаро хоида-хоида бо ноз аз даҳон баровардан гузашт. Ҳозир сухани кутоҳ ва прогматикӣ ҳукмрон аст. Дар хусуси телефонҳои мобилӣ бошад, бе телефон башарият чӣ гуна бо қитъаҳои дигар пайваст мешуд? Кори корхонаҳо чӣ гуна пеш мерафт? Одами заруратонро чӣ гуна зуд пайдо мекунед? О, ман бо телефони худам, ки аз тарси шумо имрӯз наовардаам, аз ин ҷо нишаста ба Африқо тамос гирифта, чеҳраи ҳамсуҳбатамро дидаву сухан ронда метавонам ва тамоми корамро пеш мебарам.
Шумо ҳоло ҳам дар бораи асри нуздаҳ ҳарф мезанед.
Агар ягон кас суханони шуморо ба ғайр аз ман фаҳмида монад, гумон мекунад, ки ин се нафар аллакай аз заъфи пирӣ азият мекашанд, – дағалона суханашро гуфт Анӯшервон.

пешина
аз 161
навбатӣ