Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Шумо боре ба худ суол додаед, ки чаро мардуми даврони ғасби экранҳо, ин қадар бе меҳр шудаанд?
Ягон нафарро рӯи дидан надорад, ҳушу хаёлашон ба чӣ гуна тезтар ва осонтар сарватманд, маъруфу хушбахт шудан аст. Сабаби асосиаш ҳамин экранҳои телевизору телефонҳои рангоранги бо тарофаҳои гуногун аст. Мағзи сари инсон, чунон бо маълумотҳои зиёду нодаркори аз телефону телевизор бароянда пур шудагӣ, ки хешу табор як тараф истад, ҳатто фурсате надоред, ки дар бораи худ фикр кунад. Рӯз аз рӯз ин экранҳои доно ҳамин хел чизҳои аҷоибро дар худ нишон медиҳанд, ки инсон пурра гипноз мешавад, мисли «зомби», – гуфта барои тасдиқи суханонаш ба дигарон нигоҳ кард профессор.
– Дуруст қайд намудед дӯстам,- илова намуд усто Салим, – калимаи «зомби» пурра таҷассумгари одами муосир аст. Зеро ҳатто аз қадамгузории нафаре, ки бо телефон дар даст аст, дидан мумкин аст, ки ӯ чун «зомби» ду чашмро ба экран дӯхта сари хам ғуп-ғуп кунон ба касе ё чизе аҳамият надода мегузарад.
Аксарияти садамаҳои нақлиётӣ ё нохушиҳо дар роҳ, ки охираш марг ё маиб шудани роҳгузару ронанда аст, аз чунин «зомбишавӣ» ба вуқӯъ меояд.

пешина
аз 161
навбатӣ