Фарзияи усто Салим

Як писари дилбанд Диловарҷон. Усто Салим оилаашро сахт дӯст медошт. Ҳамсараш, духтур шуда кор мекард, писараш бошад дар ҳафтаномаи шаҳрӣ хабарнигор буд, писари қадбаланди зебо, – пас аз бедор кардани хотираҳои ҷиянаш, ки ӯро хело дӯст медошт, аз давом додани суҳбат каме боздошта, нафасгириаш канда-канда шуду садои гиряи ҷонсузе баровард. Ин вазъияти ногувор диққати касонеро, ки дар боғ сайругашт доштанд, ба худ ҷалб кард. Анӯшервон ба чунин ҳолати ҳузновар таъсире расонида наметавонист.
Ноилоҷ мунтазири ором шудани зан шуда гоҳ-гоҳ ба самти фаввораҳои боғ, ки акнун дар мавҷи чароғакҳои гирони шомгоҳон боз ҳам зеботар шуда буданд, назар мекард.
– Ҳашт сол қабл, – давом дод зан – дар муддати як сол аввал писараки 25-солааш, ҷияни азизам ва пас аз
6 моҳи дигар ҳамсараш аз бемории саратон чашм аз олам пӯшиданд. Вақтҳои охир бисёр шунидаам, ки ин дарди сабилмонда зиёд шудааст. Барои бародарам ин зарбаи хело шадид буд, ӯ дигар ба худ наомад. Ман ва наздиконамон ӯро базӯр аз ҳолати садамавӣ бароварда тавонистем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё