Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

VI

Субҳи рӯзи дигар, Анӯшервон махсусан барвақттар, соати 7-30 вориди корхона шуда ба омода намудани тарҳҳои ду маводи чопӣ шурӯъ намуд. То омадани кормандони дигар тақрибан якуним соати дигар буд ва аз ин фурсати муносиби камодамии нашрия Анӯшервон ба хубӣ истифода бурда, дизайни аввалини маводҳояшро ҷо ба ҷо кард. Ба назараш як соат чун як дақиқа гузашт, аллакай аксарияти кормандони нашрия саргарми кору вазифаҳои дарпешистодаашон буданд. Тақрибан соатҳои 10-00 телефони кории Анӯшервон садо дод.
– Салом Анӯшервон, шуморо аз қабулгоҳ ташвиш медиҳанд, дар назди мо Мухторова Сабоҳат ҳузур доранд ва мехостанд, ки шуморо бинанд. Ин кас худро чун дӯсти деринаатон муаррифӣ намудаанд, наздатон гусел кунам? – гӯён бо овози маҳин муроҷиат намуд бонуи ҷавоне, ки дар қабулгоҳ кор мекард.
Пас аз сонияи тааммул, Анӯшервон, ки ягон шиносашро бо номи Сабоҳат Мухторова ба хотир наовардаву шояд ғалат кардани ин занро тахмин карда ба хулосае омад, ки беҳтараш худаш ба қабулгоҳ фарояду ба масъала равшанӣ андозад, – ташаккур, ман худам меравам, мунтазир бошанд, – гуфта, гӯшаки телефонро гузошт.

пешина
аз 161
навбатӣ