Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Ина бинед-а, – давом дод мӯйсафед, ҳангоми хариди маҳсулот мо бештар на аз сабаби зарурат, балки бо сабаби гипнози реклама маҳсулоти нодаркорро ба даст меорем.
Усто, ки аз сйругашти тӯлонӣ ва суханронии беист каме хаста шуда буд, барои пайдо кардани ҷои нишаст ба ҳар тарафи кӯча назар медӯхт, аммо дар он маконе, ки ҳамсуҳбатон қарор доштанд, ягон хараке набуд.
Дар воқеъ шаҳрамон шомгоҳон боз ҳам зеботар мешудааст, ҳазорҳо чароғаки ҳаррангаи болои биноҳои шаҳр ҷойгиршуда, зулмотро парешон карда, ба ҷисму рӯҳи инсон таровату оромии хосае мебахшанд. Анӯшервон худ ба худ ҳолати шаҳрро дар нисфирӯзӣ пеши чашм овард: ҳазор садоҳо, ҳаракати бенизоми мошинҳо, ташвиши пиёдагардон, ҳавои дудолуд. Усто ҷои нишасте пайдо накарда, аммо аз сабаби лаҳзае хомӯш истоданаш, хастагиашро каме ҳам бошад бароварда буд, боз акнун каме оҳистатар, калимаҳоро аз даҳон мебаровардагӣ шуд.
– Насли имрӯза дар он ақидаанд, ки реклама ягон зараре надошта, баръакс барои интихоби молу дигар чизҳо ба мо кӯмак мерасонад. Ин ақидаи аксарияти мардум аст.

пешина
аз 161
навбатӣ