Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Наврасон зуд метавонанд асабонӣ, хашмгин, беитоат ва умуман золим шаванд. Мо ҳозир насли имрӯза ва гузаштаро муқоиса намуда аз чунин бераҳмии насли имрӯза ба ҳайрат меафтем. Дар кӯча, боғчаю мактаб ва донишгоҳҳо кулли мардум аз ин доғ-яъне наврасони бераҳми асри XXI ангушти ҳайрат мегазанд ва намедонанд, ки сабаби ин бераҳмӣ дар чист. Аммо, сабаб дар рафтору тарбияи мост. Сабаб ин ҳамон филму наворҳои зӯроварию хунрезию фарҳанги паст аст, ки тавассути экранҳо дар муҳити оила дида мешаванд. Аз як тараф зарари психологӣ бошад, аз тарафи дигар экран ба камҳаракатӣ, фарбеҳӣ, бехобӣ ва дипрессия низ оварда мерасонад, рафиқон, - гуфта ба аъзоёни «клуб» муроҷиат намуд профессор.
Усто Салим, ки дар таърихи созмон додани «клуби» ғайрирасмии «дӯстдорони оши палов» ягон бор шоҳиди чунин як суҳбати ҷолибу самаранок набуд, бо нимтабассуми ниҳонӣ, ки одатан аз маҷбуран пинҳон намудани хушнудии зиёд дар чеҳраи инсон айён мешавад, бо эҳсосоти баланд ҷойи нишастро наёфта, чойник дар даст ба пиёлаҳои нимпур чойи гарм мерехт.

пешина
аз 161
навбатӣ