Фарзияи усто Салим

Зеро тамошои оинаи нилгун дар вақти тановули ғизо ё суҳбат, аҳли оиларо аз имконияти кушоду самимона сухан кардан маҳдуд месозад. Одати тамошои аз ҳад зиёди телевизор аъзои оиларо аз эҳсоси ғамхору меҳрубон будан маҳрум мекунад, майли танҳоӣ ҷустан, гурез аз хешовандон пайдо шуда, ба тамоми вазъи маънавии оила таъсир мерасонад. Мушкилоти дигар ин аст, ки ягон филми муосир бидуни наворҳои зӯроварию ҷаҳолат ва хунрезӣ офарида намешаванд, ки ин ба нафарони рӯҳияи заифдошта, аз ҷумла кӯдакон, таъсири бад мерасонад. Як мушоҳидаи одӣ, кадоми шумо дар кӯча доду фарёди даҳшатнок ё дашноми наврасону кӯдакони 10-соларо нашунидаед? Як ба берун бароед, фазои тамоми кӯчаю тангкӯчаҳо бо калимаҳои қабеҳ, муштзанию ҳақорати кӯдакону наврасон пур шудааст.
Албатта аз як тараф ин сабаби коста будани тарбияи наврасон дар оила бошад, аз тарафи дигар, маҳз таъсири филмҳое, ки дар экран пахш мешаванд, мебошад. «Боевикҳо», силсилафилмҳои дурмадарози аз маънӣ дур бо сужаҳое, ки бераҳмиро тарғиб мекунанд, дар тасаввуроти кӯдакон ва наврасон майл ба зӯровариро ба вуҷуд меорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё