Фарзияи усто Салим

Ягон чизи табиӣ набуд дар он, пас аз ин филм бо дарди сари сахт лаънаткунон аз хона баромада каме сайругашт кардам, то асабам ором шавад. Аҷоибии кор дар он аст, ки барои набераам ва миллионҳо нафар ҷавонон ин зумра филмҳо хело писанданд. Чунин филмҳо пас аз як лаҳза аз хотир мебароянд, вале ба руҳияи бинандаи ҷавон таъсири ботил мерасонанд. Аз ҳама аламовараш дар он аст, ки талабот ва фоидаи ширкатҳои офарандаи чунин филмҳо бештар аст, аз ин сабаб сол то сол филмҳои боз ҳам сабуктар бароварда мешаванд. Куҷо шуданд ҳикояҳои пурмазмун ва шоҳасарҳои нависандагон, қаҳрамонони ҷасуре, ки дар асоси шахсиятҳои таърихӣ эҷод шудаанд? –суол дод полковник.
Профессор, ки аз ин суханони дӯсташ илҳом гирифта буд, пиёлаи чойро ба дастархон монда, илова намуд:
-Ман, умуман филмҳои муосирро тамошо намекунам ва ба шумо низ маслиҳат медиҳам, набинед, зеро аз он ягон чизи хубе намегиред. Дар оилаамон, мо як қонуни нонавишта дорем, ҳангоми дар сари дастархон сарҷамъ омадан ё дар вақти муҳокимаи ягон мавзӯи муҳим, умуман телевизорро хомӯш мекунем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё