Фарзияи усто Салим

Рафиқон, соат ҳам панҷ шуд ва бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки имрӯза вохӯриамон, дар ҳақиқат, таърихӣ мебошад, зеро ман ягон вақт шумо, ҷаноби полковник ва профессори азиз, шуморо низ чунон саргарми муҳокимаи масъалае надида будам, қасам, ки дар 20 соли охир чунин як баҳси ҷолиб дар хотирам намондааст. Акнун гуфта метавонам, ки шарораи ин оташи бузургро маҳз дӯсти ҷавонамон Анӯшервон барафрохтааст. Анӯшервон, шумо аъзои фахрии «клуби дӯстдорони оши палов» шудед ва ҳар шанбе мо интизори шумо ҳастем, зеро баҳси экранҳо баҳси давомнок аст, танҳо аз натиҷаи ин баҳсҳо мо ба ҳақиқати холис метавонем бирасем, - гуфта, дар ҳамин нукта усто Салим суханашро ба итмом расонд.
Ин шомро усто Салим бо як истакон қаҳва пешвоз гирифт. Дар шом қаҳва нӯшидан як одати хурдакаки усто буд, аммо ӯ ин корро танҳо ҳангоми кайфияти хушу рӯҳбаландиаш, ки вақтҳои охир дер-дер барояш муяссар мешуд, ба худ раво медид. Ӯ оромона ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё