Фарзияи усто Салим

Пас аз марги фарзанду ҳамсараш тамоми навгониҳои зиндагӣ ҳамчун зарару бадӣ дар шуураш ҷой гирифтанд.
Аммо бо вуҷуди тамоми ин булъаҷабӣ, усто Салимро аҳли коллектив бениҳоят эҳтиром мекарданд, зеро ӯ яке аз беҳтарин мутахассисони соҳаи полиграфия, аниқтараш технологияи чопи офсетӣ, нафақат дар кишвари мо, балки дар тамоми Осиёи Миёна ба ҳисоб рафта, оид ба тамоми дастгоҳхои аввалини офсетӣ шурӯъ аз соли 1905, (бори аввал ин намуди чоп маҳз ҳамон сол дар Амрико ихтироъ шудааст), маълумот дошт. Маҳз ба сабаби мутахассиси хуб буданаш маъмурият ӯро пас аз нафақа баромаданаш низ, чун коршинос ҷалб намуда, чунин хислаташро ба марги ҳамсару фарзандаш, ки ба гуфтаҳое аз бемории саратон аз олам гузашта буданд, алоқаманд мекарданд.
– Ё тавба, дар умри кӯтаҳ инсон ин қадар мусибату фоҷиаҳоеро аз сар мегузаронидааст. – Ва ин мисраъҳои шеърро ба хотираш оварда замзама намуд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё