Фарзияи усто Салим

Ӯ баъзан дар роҳравҳо ва зинапояҳои бинои нашрия бо сари хаму қиёфаи хело мушавваш, либоси фарсудаи азмудрафта ва риши дамида тез-тез қадам гузошта, чизеро зери лаб мишмишкунон пайдо мешуду, ҳамон тавр зуд ғайб мезад. Кормандон аллакай ба чунин рафтори ӯ аҳамияте намедонад ва пас аз нагирифтани ҷавоб ба саломи худ, дигар салом ҳам намедоданд.
Марги зану фарзанд нуқтаи охирине буд, ки сабаби асосии тағйир ёфтани ботин ва рафтори усто гардид.
Чун баъзе намояндагони насли пешин ӯ нисбат ба тамоми навгониҳо, ихтироот, пешрафти техникаву технология нигоҳи танқидӣ дошт. Барои ӯ куллан нофаҳмо буд, ки чӣ тавр ин технологияҳо , телефонҳои мобиливу экранҳои гуногуни электронӣ ба ҳаёти инсон кӯмак мекарда бошанд, зеро ба назараш ҳар як ихтироъ танҳо ҷалб кардани диққати шахс ва рабудани сонияҳои пурқимати зиндагиаш мебошад. Ӯ ақида дошт, ки дар раванди умр ягон чиз муфт ба даст намеояд ва ҳар як падидаи нав ё пешрафти технологияи муосир дар ниҳояти кор мушкилоти зиёди дигарро ба бор меоварад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё