Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Посбон як ҳолати нохушро низ мисол овард, кадом як зани хориҷӣ чунон ба товусони ин боғ унс баста буд, ки ҳар ҳафта ба дидори онҳо меомад. Бо дасташ пораҳои нонро ба онҳо мехӯронду дар байнашон менишаст. Боре омада боз чунин амалашро такрор кардаасту ногаҳон товуси нарина якбора ба зан ҳамла намуда, чашми ӯро захмӣ намудааст, қариб, ки кӯр мешудаст. Аз он рӯз занро дигар дар ин боғ марди посбон надид. Пас аз шунидани ин воқеаи нохуш, Анӯшервону ҳамсараш зуд Рустамҷонро аз дасташ кашида, аз назди товусҳо, ки барои нонрезаҳо дар гирди писарча ҷамъ буданд, дур шуданд. Оилаи ҷавон бо вуҷуди инҷиқию пофишории писарак, ки намехост аз гирди парандаҳо дур шавад, ба посбон хайрухуш карда, ба самти дигари боғ равон шуд.
Пас аз шунидани ин нақл, Анӯшервон як воқеаи нохушеро, ки бо оилаи Барбаровҳо аз шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар солҳои 80-уми асри гузашта рух дода буду тамоми олам ба даҳшат омад, ба хотир овард.
Барбаровҳо, зану шавҳар ва 2 фарзандашон дар хонаи худ шербачаеро тақрибан 6 сол парвариш намуданд.
Дар ниҳояти кор ба тамоми он меҳрубониҳою дӯстдориҳои аҳли оила нигоҳ накарда, дар шери нар майли табии дарандагӣ бедор шуд.

пешина
аз 161
навбатӣ