Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Мардакҷон, вая бинед, ҳо дар он марғзор, магар ин товус нест? Ин қадар зебо, рафтем, аз наздиктар бинем, – хоҳиш намуд Нигинабону.
Воқеан, дар кунҷи боғ, тақрибан дар ҳудуди 400 метри мураббаъ, парваришгоҳи товусҳо ҷойгир буд.
Ҳангоми наздик шудан, як марди миёнақади тақрибан 50-сола, ки масъули нигоҳубини ин парандаҳои зебо буд, оилаи ҷавонро бо табассуми самимӣ пешвоз гирифта, имкони аз наздик тамошо кардани товусҳоро дод. Ӯ бо як мароқи хосса оид ба ин парандаи зебо маълумоти зиёдро гуфта дод. Товус то 20–25 сол умр дида наринааш бо 3 то 5 товуси модина зиндагӣ мекардааст. Тааҷҷубовараш ин буд, ки пару думи ҳаррангаю зебои товус, ки аз моҳҳои апрел то сентябр айни хуруҷи зебогиаш мебошад, аслан мансуби товуси нарина будааст, на модина. Ва барои ҷалб кардани товуси модина, товуси нарина ин пару думи ҳазоррангаашро намоиш медодааст.Аз моҳи апрел то сентябр муҳлати тухммониаш будааст.Товуси модина ҷисман хурдтар буда, пару думи хокистарранги одие доштааст. Марди назоратчии товусҳо ба Анӯшервон огаҳӣ дод, ки ҳангоми наздикшавӣ ба товус ягон ҳаракати тезу ногаҳонӣ набояд кард.

пешина
аз 161
навбатӣ