Фарзияи усто Салим

Дар ниҳояти кор, аз эҳсосоти зиёд варақро ба болои миз гузошта болои курсии кориаш нишаста монд. Дар варақ танҳо ду ҷумла бо қалам навишта шуда буд:
КИТОБ ТУРО БАХШИД, АКНУН ТУ ӮРО БУБАХШ…
Воқеан ин ду ҷумлаи дар навбати худ одӣ, аммо пур аз маънӣ таҷассумгари тамоми изтироби замони муосир буд. Усто бо ин ду ҷумла аз номи китоб, падарвор аз фарзандони худ-насли башар хоҳиш мекард, ки новобаста аз тамоми ҷаҳолат, китоб онҳоро бахшидааст… Китоб падарвор аз фарзандонаш хоҳиш мекунад, ки ӯро низ бубахшанд ва ба сӯяш рӯ оваранд, зеро байни падару писар забоне ҷузъ забони меҳр вуҷуд надорад ва тамоми азобҳои ба бор овардаи фарзанд аз ҷониби падар бахшида мешавад… Усто, ягона роҳи халосӣ аз экранҳоро дар дубора зинда кардани меҳр нисбат ба китобу фарҳанг ва баргаштан ба арзишҳои умумиинсонӣ дарёфтааст.
Мардуми шаҳр чун ҳамеша касе смартфон дар даст, касе бо сари хам, касе саросемавору дигаре бо хушҳолӣ, хуллас ҳама ба ҳоли худ, дар ташвиши кору бор қадам мегузоштанд. Бӯи дуди нақлиёти шаҳр, садои баланди чархҳои мошинҳо Анӯшервонро ба воқеияти муосир бозовард. Танҳо дар баъзе гушаҳое, ки ин садоҳо чандон намерасиданд, дар нимдеворҳои кӯчаву пасткӯчаҳо, пайроҳаву гулгаштҳо гурӯҳ-гурӯҳ одамонро мушоҳида кардан мумкин буд, ки бо навбат ба варақаҳои часпонидашуда назар меафканданд:
КИТОБ ТУРО БАХШИД, АКНУН ТУ ӮРО БУБАХШ…
Анӯшервон нафаронеро медид, ки ба ивази экрани смартфон, китоб дар даст нишастаанду машғули мутолиа ҳастанд, аксарияташон ҷавонону наврасонанд. Шояд ӯ охирин хаёлпарасти ин ҷаҳон бошад, аммо дар дилаш шарораи умед аланга мезад, фарзияи усто Салим оҳиста-оҳиста рӯи кор меояд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё