Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Рӯзҳои тирамоҳ хело кӯтоҳ шудаанд. Торикӣ саросар фазоро фаро гирифт, полковник ва Анӯшервон ба самти Душанбе раҳсипор гардиданд.
Анӯшервон телефони мобилиашро фаъол карда дид, ки ҳамсараш тақрибан даҳ бор занг задааст, – яқин аст, ки ташвиш кашидааст, бояд зангаш занам, – тасмим гирифт ӯ.
Мошин оромона бо суръати гоҳ баланду гоҳ паст роҳи торик тай мекард, сукути шаб ба ронанда ва мусофир ҳаловати махсусе мебахшид. Боз як рӯзи фасли тирамоҳ гузашт, як рӯзи умри инсон сипарӣ гашт…
Субҳи душанбе, Анӯшервон аз ҷевони утоқи кории усто Салим ду баста варақи сафедро оварда ба болои мизи худ гузошт. Ӯ ба кор соати расо ҳафт омада буд, то дар оромӣ аз пайи иҷрои супориши усто шуда, номаро ба башарият, ки дар он роҳи халосӣ ёфтан аз экранҳо оварда шудааст, чоп кунад. Баъдан лифофаро аз ҷайби чапи пиҷакаш бароварда, боэҳтиёт кушод.
Маълумоти дар варақ буда аввалан хандаи Анӯшервонро овард, садои хандааш диққати фарроши идора, зани тақрибан шастсоларо ба худ ҷалб кард, баъдан бори дигар маълумоти дар варақ бо қалам навиштаи усторо хонду ин дафъа ба ҷои ханда дар чашмонаш об чарх зад.

пешина
аз 161
навбатӣ