Фарзияи усто Салим

Агар суханони ман ҷой намедошт, бояд инсони имрӯза хушбахттарини олам мебуд, зеро ӯ ҳозир дар иҳотаи экранҳост, аммо акси ҳолро мебинем, ба ҷои хушбахт шудан, рӯз то рӯз серташвишу асабӣ, сусту гирифтори маризиҳои гуногун, аз одаму одамгарӣ дуру бадбахт аст.
– Фарз мекунем, ки роҳи ҳалли масъалаи пешниҳоднамудаатон, усто ҷой дошта бошад, пас чӣ гуна ин корро, яъне меҳри нуҳуфтаи мардумро ба китоб аз нав бедор созем?
– Суоли хуб додед , ҷаноби полковник, ин кор аслан душвор нест, танҳо бояд каме кӯшиш кард. Ин кор ба мо муяссар мегардад, ман итминони комил дорам, зеро аллакай хушбахтам, ман озодам ин озодӣ аз экранҳо ба мо имкон медиҳад, ки роҳҳои ҷалби мардум ба хонишро пайдо кунем, нақши бузурги китобро аз нав нишон диҳем, мардумро аз зулмоти маънавӣ раҳо созем, зеро китоб чизи зинда аст, онро буйидану ламсидан, гаштаву баргашта варақ задан, аз суханҳояш маънӣ гирифтан мумкин аст. Вай маҳрами дили мост. Шумо чашму гӯш ва воситаи асосии паҳн кардани идеяҳои ман барои наҷоти башарият мешавед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё