Яқкаписар (Қурбон Алӣ)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Қурбон Алӣ буда, барои хонандагони сини калони мактабӣ пешбинӣ шудааст. Қаҳрамонони ҳикояҳо асосан занону духтарон буда, зиндагӣ ва таассуроти онҳоро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 37 саҳифа
уқоҳоям танҳо монданд, намегӯяд. Батоқату бабардошт. Ту ғаллаатро аз дӯл гир.
— Дасти ман ба тағи дӯл немерасад, — баҳонаи нав ёфт Комила.
Санг нисфи дураро хоидаю андармон шуда истода монда буд, ки онро бардошта аз нав сар додам. Санг боз тиқир-тиқир ба гардиш даромад.
Сӯфиҷон почаҳои даридаи эзорашро то зону барзада, чанд лингаро ба канор гирифта монд. Ман таҳи девор нишаста хаёл кардам, ки худи ин Комила чӣ хел духтар? Либосҳои модарашро калону кӯҳна бошанд ҳам, дуздида мепӯшад, шикамаш гурусна бошад ҳам, ба қош ӯсма мекашад. Дар ҳар қадам дурӯғ мегӯяду қасам мехӯрад. Ҳамаро фиреб медиҳад, ба ҳама тӯҳмат мекунад. Агар ҳамин хел одамон намебуданд, балки ҷанг ҳам намешуд. Як пои ин амак дар куҷо монда бошад? Падари ман чанд фашистро кушта бошад? Модарам имшаб аз саҳро кай меомада бошад?
Уқоҳоям ба ёд расиданд. Ҳоло аҳволи онҳо чӣ хел бошад? Оё ба ҳамдигар даст ба гиребон нашудаанд?
— Ҳа, чаро мум газида, тахта шуда мондӣ? — аз ман пурсид Комила. — Ақлу ҳушатро ғундору даҳони лингаи маро дор.
Комила як бел ордро ба лингаи тарафи чап андохт.
— Аз лингаи худат боз ду бел гирифта рез, — фармуд амак. — Ҳаққи осиёро холӣ кун.
— Ие, амак, инсоф кунед. Худи ордам як тӯппию ду бел мегиред-мӣ?
— Ба ман надеҳ, ҳаққи осиёи колхозро деҳ. Ин орд ба колхозчиён атола мешавад.
— Аз ман бас, аз инҳо ҳам мегиред. Орди шумо бисёр мешавад, — гуфт Комила ману Сӯфиҷонро нишон дода.
Амак зӯрашро гузаронида натавонист.
— Гиру нагирон, — чун калонсолон маро дуо кард Комила ва лингаро як такон дода болотари китфаш гирифт. — Акнун гӯшатро ба даҳонам дор, як чиз мегӯям, ки ба касе намефаҳмонӣ. Хуб?
Гӯшамро ба даҳонаш наздик бурдам. Вай пичиррос зада гуфт:
— Ҳолангӣ гапи дурӯғ буд, бовар накун. Гандумро аз хирманҷо не, модарам аз бозор харида омад. Куртаи атласам рафт.— Чашми вай лиққӣ об шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё