Яқкаписар (Қурбон Алӣ)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Қурбон Алӣ буда, барои хонандагони сини калони мактабӣ пешбинӣ шудааст. Қаҳрамонони ҳикояҳо асосан занону духтарон буда, зиндагӣ ва таассуроти онҳоро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 37 саҳифа
таҳи девор дукаса рост карда мондем. Амак аз миёнбандаш риштаю сӯзан гирифт. Пай бурдам, ки даҳони лингаро дӯхтанист. Риштаро гирифта ба тебана гузарондам, амак даҳони онро лабӯла зад. Ман дӯхтам. Ҳамин дам садои тактаки санги осиё суст ва хомӯш шуд. Осиёбон оҳ кашиду қомат рост кард ва туктуқ асо зада ба даҳони дар баромад. Сӯфиҷон рӯ ба рӯ омад, ки шип-шилта тар буд. Дарақ-дарақ меларзид.
— Обро чаро партофтӣ? — пурсид амак дар ҳолате ки худро дар асобағал дошта натавониста мекалавид.
— Обро? Кадом обро?
— Оби новаро...
— Билло, ки амак, ба нова наздикӣ накардаам. Ман дар поён оббозӣ кардам, — ӯ таги пули поёнро нишон дод.
— Пас обро кӣ партофт? Дав, дида биё!
Сӯфиҷон шамол барин давида рафту касе аз пушт банди дасти маро тофта кашола кард. Тоб хӯрда бинам, ки Комила. Сарлуч, бо ранги парида ва рӯи орд-олуд ба тарафи дӯл ишора мекунад. Саросема ба сари дӯл баромада дидам, ки як ғалбер гандум ноҷунбон истодааст,
— Сарбанди нова дар ҷояш амак, касе кор надоштааст, — гуфт Сӯфиҷон гашта омада. Вай ҳарсас мезад.
— Пас чаро санг намегардад? — пурсид амак дар таги дар.
— Худам ҳам ҳайрон.
Амак ба сари санг омад. Аз таги санг як нӯги даридаи дурра баромада меистод, ки онро дида ба Комила барошӯфт:
— Ин чӣ қилиқ?
Комила рӯяшро бо каф пӯшида филиқ-филиқ гирист:
— Аз сарам афтид.
— Аз кӣ пурсида ба дӯли ғалладор гандум андохтӣ? — дӯғ заданӣ шуд осиёбон. Вале овозаш боз мулоим баромад.
— Аз шумо пурсиданӣ будаму аз ёдам баромад.
— Ту ҳам Мисқол барин вазнин шавӣ намешавад?
— Мискол-пискол гуфтан нагиред. Мисқолатон ҳозир омад. Поида шинам дер мешавад. Ман ба мактаб меравам.
— Ту духтари танноз будӣ, хеле инҷиқ. Ана, Мисқол

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё