Яқкаписар (Қурбон Алӣ)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Қурбон Алӣ буда, барои хонандагони сини калони мактабӣ пешбинӣ шудааст. Қаҳрамонони ҳикояҳо асосан занону духтарон буда, зиндагӣ ва таассуроти онҳоро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 37 саҳифа
чор мехонанд, ана вай Комила дар синфи панҷ. Барои чӣ дар синф мондаам? Сабабгораш ана ҳамин Ҷаҳонҷа. Падарам рӯзи хайрбод Фаттоҳҷонро ба гарданашон савор карда ва аз дасти хурдакаки ман дошта, то сари роҳи калон насиҳат карда рафта буданд. Он вақт Ҷаҳонҷон набуд, не хато шуд: буду лекин дар шиками модарам буд. Рӯзи зоида шудани Ҷаҳонҷон аз шодӣ ба куртаам нағунҷида, дак-дак ҳалос мезадам, лекин дертар шодиҳоям аз бинӣ баромад. Ин айби кист? Айби модар? Айби кор? Айби худам? Ба хаёлам, фақат худам гунаҳкор. Аз рӯзи аввали зоида шуданаш дар гирди сари вай парвона шудам, то худи ҳозир парвона. Боз эҳ-э, то ман ҳастаму Ҷаҳон, парвона мешавам? Лекин ин Ҷаҳонҷон маро бисёр сарсон кард. Устухонаш шах ва ман барин калон шавад, кӣ медонад, ӯ маро писанд мекунад ё не? Хайр, аввал қоматашро рост карда хонандаи синфи се ё чор шавад, сонӣ салом медиҳам. Ба қавли модарам, ҳоли некӣ мекунаму ба дарё меандозам. Ҳа, то аз ҷанг сиҳат ва саломат гашта омадани падар азоб кашам ҳам, дандон ба дандон монда, онҳоро калон кардан мегирам. Ман калон накунам, кӣ калон мекунад, охир? Модарам? Модарам ман барин духтаркалон дошта, ба кор набаромада дар хона бо мо овора шуда шинанд, айб намешавад магар? Албатта, айб мешавад! Ин фикрҳо, рости гап, соли аввали зоида шудани Ҷаҳонҷон пайдо шуда буданд. Барои он ки модар дар хона ӯро бемалол макконда шинад, ман номаълум каландачаро бардошта, ба саҳрои колхоз баромадам. Ба як това даромада ба-зӯр-базӯр замини пахта каланд кардам. Болои ҳамин як холем пайдо шуда, ба пешу қафои корам нигоҳ ва сару рӯямро сила карда гуфт:
«Ин корро мон, давида ба хона рав. Ҷаҳон гиря мекунад».
Ба гапаш даромада, пойлуч ба хона тохтам. Лекин гапи хола дурӯғ будааст: бегоҳӣ худаш каландҷаро бардошта ба ҳавлӣ омаду ба модарам пичиррос зада гуфт, ки «Алаф гумон карда, ниҳоли ғӯзаро каланд мезад».
Он вақт, ки пушти дар истода гӯш мекардам, ҳиҷолат кашидам, замин накафид, ки дароям. Ба хулоса омадам, ки кори колхоз ҳунари ман набудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё