Яқкаписар (Қурбон Алӣ)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Қурбон Алӣ буда, барои хонандагони сини калони мактабӣ пешбинӣ шудааст. Қаҳрамонони ҳикояҳо асосан занону духтарон буда, зиндагӣ ва таассуроти онҳоро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 37 саҳифа
сабат шиштанд. Ман бошам, ба ин хорӣ дошт наоварда, гурехтам.
Дидед, ин хел бозӣ аз як тараф нағз бошад, аз ҷиҳати дигар дилхарош аст. Нағзиаш ҳамин ки вақт мегузарад, дасти бача ба пухту паз одат мекунад. Дар ин оворагиҳо мо барин бачаҳо на танҳо ғами худ, балки ғами паррандаю молу ҳолро мехӯрем, ғаллакорию боғдориро меомӯзем. Мо, бачаҳо, ба мисли калонсолон дар саҳро ҷуфт ронда, ғалла кошта натавонем, чӣ кор кунем? Дар лаби суфачаҳо, лаби ҷӯйбор, миёни хоктӯдаҳо бо чӯбу корду тешачаҳо замин меронем, сони марза мегирем, баъди он ҳар хел тухмӣ мепошем. Майсаи ҳамин «гандумҳо»-и коштаи моро ҳеҷ набошад бузичаҳо мехӯранд, донаш ба мусичаҳо мерасад. Донаҳои рехтаашро ҳеҷ набошад, мӯру малах некашонанд.
Аз афташ, аз мақсади ниҳонии мо ҷонварон беҳтар бохабар мешаванд, ки ба сари дегчаи лой пораи гӯшти чӯбин гузорем ҳам, пишакча думашро каҷ карда омада худро ба пои одам месовад, кӯчукча гӯё рашк бурда, даррав аккос мезанад ва ба сари каҷ ба сабати нон менигарад. Хайр, ҳеҷ қисса не, ҳозир, ки дар сурфаи хона чизе намондааст, хокбозию лойбозӣ карда рӯз гузаронем, охир як гап мешудагист. Ба қавли модарам, намурем шуд. Модарам мегӯяд, ки нону ошпазиро ҳар қадар хуб ёд гирӣ, ҳамон қадар нағзӣ дорад, чунки имсол набошад, соли дигар орду ғалла фаровон мешавад. Ана сони ошу нонро чун пазандаҳои калонсол ҳаққонӣ нағз мепазӣ. Кошки ҳамон рӯзҳо тезтар меомаданд! Агар он серию пурӣ фардо нею худи ҳамин рӯз меомад, мо ҷон-ҷон мегуфтем. Агар худи ҳамин рӯз халтаҳо пур аз ғалла, чалакҳо аз гӯшту равған лаб-лаб мешуд, падар дар ҳалқаи ҷанг ва модар дар кори колхоз банд бошанд ҳам, худамон насӯзондаю нарезонда мепухтему дар борхалтаю кӯзаҳо андохта, барои модарам то сари замин мебурдем, ба қуттичаҳо ҷо карда, бо ёрии почтахона ба фронт мефиристодем. Афсӯс, ки ин чизҳо нестанд. Набошад чӣ илоҷ? Қаноат кардан даркор, лекин инро фақат ман мефаҳмам, ин Ҷаҳонҷону Фаттоҷҷон ҳеҷ ба калла намегиранд.
Ман дар синфи се мехонам. Ҳа, ин даҳонкалонӣ не, балки иқрор ба айби худам аст. Ман дар хониш расо як сол қафо мондаам. Дугонаҳои ҳамсолам дар синфи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё