Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
фарҳанг ва иқтисоду идораи мардуми форсу тоҷик мебошад. Вобаста ба ин метавон гуфт, мо миллате мебошем, ки заминаҳои бостонию пояи аслии ақлу хиради роҳбарӣ аз мо оғоз гардидааст. Бинобар гуфтори донишманди Белгия Жак Дюшен тавассути тарҷумаи юнонии ин асар, ки аз ҷониби Афлотун сурат гирифтааст, «Авасто»-и Зардуштро хуб медонист.1
Аз ин мебарояд, ки Ғарбу Шарқ аз ин ганҷинаи фарҳангии тоҷикон бохабар буда, аз меваҳои болаззати он истифодаи пурсамард бурдаанд. Қобили қайд аст, ки назарияи иқтисодиву сарварии Зардушт ҳанӯз дар ҳамон замон, аз оила шурӯъ шуда то ҷамъият ҳидоят мешавад. Алоқамандии оила ва давлатро хеле хубу равшан нишон додааст. Дар ин ҷо аз ҷумла омадааст, ки оила ва давлат пайраҳаҳои як роҳанд.
Маърифати Зардушт, ки худ аз насли Ҷамшед аст, ҳамчун манбаи илмию динӣ аз ҳамон замон, дар замоне, ки одамон хеле қашшоқона зиндагӣ намуда, якчанд Худоҳоро парастиш менамуданд, шӯҳрат ёфтааст. Ӯ дар байни мардуми оддӣ гашта, аз масоили онҳо огоҳ мегардад, санҷишу мушоҳидаҳои рафтори одамонро омӯхта, ин китобро таълиф менамояд. Дар ин асар оиди расму русуми бехудаи одамон андешаронӣ намуда, онҳоро ба кам кардани хароҷотҳои зиёд, ба меҳнати ҳалол камар бастан, ба низомдарории фаъолияти кори худ, ҳидоят менамояд. Дар асоси чунин таълимот қонуниятҳои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи оқилонаи обу замин, шаҳру шаҳрсозӣ, тарбияи фарзанд ва оиладориро фикр карда баромаданд. Мувофиқи ин таълимот инсоният бояд комилан озод бошад ва як Худоро парастиш намояд. Чунин таълимот ба мардум хуш омад ва дере нагузашта аксарият атрофиёнаш онро қабул намуданд.
Нишонаҳои хиради парастишии Зардушт дар Авасто чунинанд:
❖ Некӣ ва рӯшноӣ хислати асосии хиради инсонӣ;
❖ Бадӣ ва торикӣ хислатҳои ғайриақлонии инсонӣ;
❖ Беҳтарин сарват - ақл аст;
❖ Ҷаҳонро бо ақл метавон обод кард;
❖ Осмонро бо ақл метавон дарк намуд;
❖ Маълум аст, ки Худованд ин дунёро бо қувваи ақл офаридааст;
1 Усмон Каримов. Афқори иқтисодӣ аз даврони Зардушт то охири замони Сомониён. Душанбе, 1999.- 320с.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё