Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Аз тарафи дигар, мо ҳидояти он дорем, ки инсон аз дигарон набояд ба ҷоҳу ҷалол, вазифаю мартаба ва ё қавмияташ фарқ кунад. Сарвару роҳбару корманд, пеш аз ҳама бояд инсони комил бошаду аз пайи рӯзии хеш ба меҳнати ҳалол равона гардад. Мо инсонҳоро набояд аз рӯи сурату сару либос, сарвату вазифа, балки сирату омолашон бояд шиносем.
Чуноне, ки пайёмбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) ба хотири фарҳанги
ғании мардуми форсизабон ва донишмандии Салмони форс, ки яке аз саҳобагони
пайёмбари гиромӣ буд, мефармоянд: «Эй бузургтони Қурайш, насаби
ифтихоромези ҳар кас дини ӯст, мардонагии ҳар кас хулқу хӯй ва шахсияти ӯст
ва аслу решаи ҳар кас ақлу фаҳм ва идроки ӯст».1
Чуноне, ки файласуфи бузурги тоҷик Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (оромгоҳи ин марди шариф дар Кӯлобшаҳри бостонии Тоҷикистон воқеъ мебошад) оид ба маърифати роҳбарӣ мефармоянд:
Ҳаст доим салтанат дар маърифат, Ҷаҳд кун, то ҳосил ояд аз сифат.
Ҳар ки масти олами ирфон бувад, Бар ҳама халқи ҷаҳон султон бувад.
Таърих гувоҳӣ медиҳад, яке аз аввалин таълимдиҳандагони илми хиради роҳбарӣ ин Зардушт буда, тақрибан дар байни асрҳои X-VII пеш аз мелод дар Эрони имрӯза умр ба сар бурдааст.
Китоби муқаддаси зардуштии «Авасто» мебошад, ки то замони мо аз ин осори гаронмоя танҳо қисмате боқӣ мондааст. Бинобар ин мо дар аввали ин мавзӯъ нишонаҳои асосии хиради авастоиро ба Шумо хонандаи азиз пешниҳод менамоем.
АВАСТО
«Авасто» китоби муқаддаси зардуштӣ буда, аз замонҳои хеле қадим то
имрӯз дар сарзамини Осиёи Миёна, Афғонистон, Озарбойҷон, Юнон ва Эрон
таъсири баланди таълимию тарбиявӣ, фалсафию динӣ, иқтисодию идоравӣ
дошта, то ҳол ҳамрадифи худро надорад. Аз тарафи дигар, ин китоб таърихи
1 Панди авлиё (Домуллои Сурхиён) Душанбе, 2004. с. 96.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё