Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бояд кӯшем, ки дар чизҳо хислатҳои навинеро бибинем, ки касе то мо надидааст ва андешае намоем, ки касе то ҳол накардааст.
Лихтенберг.

Ҳар як инсон шакли хоси содир кардани хаторо дорад, чунки хато аксар маврид аз рӯи нафаҳмидани ҳақиқат рӯ медиҳад.
Лихтенберг.

Ҳалимӣ аввалин ва беҳтарин накӯист.
Локк.

Аз тарбияи дурусти кӯдакон некӯаҳволии тамоми халқ вобаста мебошад.
Локк.

Ҳеҷ ҳодиса, бе асоси зарурӣ ба вуқӯъ намепайвандад.
М.В. Ломоносов.

Боварӣ ба хушбахтӣ, гарчанде фиреб ҳам бошад, ба инсон бадӣ намеоварад,
чунки зиндагониро сабук месозад.
Л.Д. Вега.

Эҳтироми зан қарзи ҳар як шахси ростқавл мебошад, ки аз таваллуд ба худ гирифтааст.
Л.Д. Вега.

Оиди хиради сарвар, пеш аз ҳама аз рӯи атрофиёнаш баҳо медиҳанд.
Макиавелли.

Ҳар як ислоҳот, барои ислоҳоти дигар замина тайёр менамояд.
Макиавелли.

Андеша оиди баробарии ҳуқуқии инсон маънои баробарии ҳуқуқии истифодабарии неъматҳои моддиро дорад.
Марат.

Касе ба дигарон некӣ мекунад, худаш аз он ҳаловат мебарад.
М. Наварская.

Такаббуртарин шахс он аст, ки худро ҳамадон ҳисоб менамояд.
М. Наваррская.

Шахсе ки ба беадабӣ ном баровардааст, доимо гумонбар аст.
М. Наваррская.

пешина
аз 566
навбатӣ