Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Вазифа одамро некӯ баланд намекунад, балки одам вазифаро некӯ баланд мебардорад.

А.Ҷомӣ.

Ман боварӣ дорам, ки вақте ҳар як инсон ба дигаре некӣ мекунад, рӯҳан болида мегардад.

Ҷефферсон.

Ақида дар бораи инсон ва умуман кадом чизе набошад, ба он вобаста аст, ки аз кадом масофа ба ӯ менигаред.

Ҷон Бен.

Одамони некукор ситорагони замони худ буда, онро нурафшонӣ менамоянд.

Ҷон Бенсон.

Забон либоси андеша мебошад.

Ҷ. Самюэл.

Барои он ки доимо дар ҳаракат бошед, хоҳиш зарур аст.

Ҷ. Самюэл.

Хушбахтарин инсон он аст, ки ба одамони зиёд хушбахтӣ туҳфа менамояд.

Дидро.

Инсони боақл дар назди худ имконоти зиёдеро мебинад, аммо беақл имконпазир ҳамонро мешуморад, ки мехӯрад.

Дидро.

Андешаи хуб, дар ҳама забонҳо боақлона садо медиҳад.

Ҷ. Драйден.

Дар худ сифатҳои бузурги рӯҳиеро нигоҳ доред, ки қисми таркибии хислати инсони ҳақиқатпараст, қаҳрамон ва хирадмандро ташкил менамоянд.

Екатеринаи II.

Инсонҳо аксар маврид худашон сабабгори хушбахтӣ ва нокомии хеш мебошанд.

Екатерина II.

Касе дар ҷавонӣ таълим нагирад, пирӣ барояш андӯҳ аст.

Екатерина II.

Қонунҳои беҳтарин аз урфу одат тавлид мегарданд.

Жубер.

пешина
аз 566
навбатӣ