Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ПАС, барои рушди босуботи сарварӣ дастгирию дӯстдорӣ ва эҳтироми кормандон шарти зарурӣ буда, дар навбати худ таваҷҷӯҳи пайвастаи роҳбар барои беҳтар кардани ҳолати иҷтимоии кормандон ба мавқеи иҷтимоии худи ӯ низ манфиати калон дорад. Аз тарафи дигар, дастгирии кормандон ин аз ҳолати хуби рӯҳии онҳо ва умед ба ояндаи хуби менеҷменти ташкилот вобаста мебошад.

Хулоса, ин панҷ раванде, ки номбар карда шуданд, ҳамчун як нерӯи созанда ва ташаккулдиҳандаи рушди босуботи сарбарии менеҷменти муосири тоҷик ба шумор рафта, нигоҳдории мувозинати инкишофи ин равандҳо аз шартҳои зарурӣ ҳисобида мешавад.

50.8. Сухан андар ҷавҳари роҳбарӣ

Дар ақсоми улуми ақлия1

Фасли аввал: Дар баёни моҳияти ҳақиқат ва ҳикмат.

Бидон, ки илми ҳикмат, ки яке аз саноии улуми назария аст, он аст, ки метавонад инсон ба тавассути ӯ идрок кунад ҳақоиқи мавҷудоти олами вуҷудро ва истинбот намояд он чиро, ки донистан ва амал намудан ба ӯ воҷиб аст барои инсон, то истиқмоли нафси худ кунад ва олиме гардад маъқул мушобеҳ ба олами мавҷуди махсус ба андозаи тоқат ва истеъдоди башарӣ ва муҳайёю муттаҳид гардад барои саодатманд шудан ба олами охират.

Фасли дуюм: Дар баёни ақсоми мутлақи ҳикмат.

Илми ҳикмат мункасим мешавад ба тақсими аввалӣ бар ду қисмат: яке
ҳикмати назарӣ аст ва дигаре ҳикмати амалӣ. Фоидаи ҳикмати назарӣ таҳсил
намудани эътиқоди яқинӣ аст ба ҳоли мавҷудоте, ки вуҷудашон мутааллиқ ба
феъли инсон нест, балки мақсуд доно шудани инсон аст ба онҳо монанди илми
тавҳид ва илми ҳайат. Ва аммо фоидаи ҳикмати амалӣ ва ғояти мақсуд ва

1 Абуалӣ ибни Сино. Осори мунтахаб. Ҷ.2, Душанбе, Ирфон, 1983, С. 101 – 102.

пешина
аз 566
навбатӣ