Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
накӯкорӣ ва дӯстдорию меҳрубонӣ ба оламу одам, ки анъанаи аҷдодист, мустаҳкам сохт ва сайқал дод.
Ҷаҳонбинии хирадмандонаи тоҷик — ин олами ақлонӣ, дилу нияти пок, боварӣ ва рафтори неку созандаи инсонӣ мебошад.
Ин боварӣ ба оянда, боварӣ ба худ ҳамчун сарчашмаи ақлонии фаъолият буда, дар роҳи инсондӯстию инсонпарварӣ ва адлу адолатпарастӣ ва дӯстию амонӣ дар рӯи Замин равона шудааст. Чунин як боварӣ ва хислати хоси тоҷикона аст, ки сарвари хирадманди мо Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов аз минбарҳои баланди Созмони Милали Муттаҳид бо дилу иродаи қавӣ ва боварии комилу нигоҳи хирадмандона, ба тамоми ҷаҳониён роҳҳои мубориза ба муқобили терроризми байналхалқӣ, мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қазияи ҷанги Афғонистон, истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ, обу замин ва барномаҳои кам кардани сатҳи камбизоатии аҳолиро пешниҳод карда, оқибатҳои ногувори онро таъкид карда гузаштанд.
Бояд гуфт, миллате дорои иродаи мустаҳками таърихӣ ва чунин сарвари хирадманди некбин мебошад, қувваи бузурги ақлониро соҳиб аст, ки дар ташаккули устувори менеҷменти ояндаи тоҷик асоси маънавӣ гузошта сазовори ҳурмату эҳтироми ҷаҳониён хоҳад гашт. Маҳз, чунин фаҳмиш ва дарки воқеии оламу одам имкон медиҳад, ки мо на фақат донишу қобилияту фаҳмиши сарвариро дошта бошем, балки боз қувваи некхоҳи илоҳӣ ва рӯҳи поки пайғамбарому бузургони дигари ин диёри муқаддас, ки оромгоҳҳои онҳо дар ҳар як деҳа, маҳал, ноҳияву вилоят ободу тозаву озода шудаанду мо доимо бо дасти дуо ва меҳру муҳаббату эҳтирому эътиқоди бузург аз онҳо мадад мепурсем, дастгиру мададгори мо хоҳанд шуд.
Асри XXI барои менеҷменти тоҷик асри таърихии ҷилодиҳандаи хиради сарвари тоҷик хоҳад шуд. Дар боло мо қайд кардем, ки инсон дар фаъолияти ақлонии хеш ду давраро мегузарад.
- Вақте инсон ба дунё меояд, тавассути қобилияти илоҳии ақлонӣ ва ирсии падару модар ва фаҳмишу дониши мураббию устодон инкишоф меёбад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор