Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

яъне ҳар қадар мо аз илму дониш бохабар гардем, ҳамон қадар поку қавӣ гашта, имкони зиндагонии хуб пайдо карда, ба нишони олии роҳбарӣ - сарвари хирадманд мерасем. Аз ин нуқтаи назар илм низ бояд созанда ва ихтироъкунанда бошад, ки мо дар шароити глобализатсияи амиқи ҷаҳонӣ мавқеъ ва мароми худро пайдо карда, ҳамқадами замон бошем.

Пас, илм бояд имконоти инкишоф ва ташаккули менеҷменти муосирро баланд бардошта, дар интихоби роҳу раванди зиндагонии хуб барои мо дастгиру кӯмакрасон бошад. Имрӯз дар зинаи инкишофи инсони замоне фаро расидааст, ки ҳар як фаъолияти донишмандона ва хирадмандонаи инсонӣ бояд ба халқу миллатҳои тамоми дунё манфиатовар бошад, чунки глобализатсия ҳудудҳои сарҳадиву миллиро дар илму соҳибкорию ахбор пурра аз байн бурдааст. Бинобар ин, имрӯз илму дониш фарзанди як миллат барои ғанигардонии маънавию моддии тамоми миллатҳои дигар бояд саҳмгузор бошад. Ин яке аз шароитҳо ва имконоти хуб ва оинаест, ки дар ягон давру замони инкишофи инсонӣ чунин имконот барои инсоният пайдо нашуда буд. Имрӯз, ҳатто кӯдаки панҷсола метавонад ба шабакаи Интернет пайваст гашта, ба рафиқони ҳамсоли худ ба тамоми дунё муошират намояд ва аз аҳволи онҳо бохабар бошанд. Олимону донишмандони дунё бошанд, дар хонаи худ нишаста, тавассути он аз сирру асрори ҷаҳон бохабар гашта, имкони зиёди андешаронии навин, хислатҳои беҳтарини муомилаи инсонӣ, гуфтору рафтор ва амалӣ гардонии ақидаҳои худро пайдо менамоянд.

Таърихи башарӣ гувоҳӣ медиҳад, ки олимон дар ҳама давру замон дорои сифатҳо ва арзишҳои баланди инсонӣ буда, тақдирсоз ва роҳбалади халқу миллатҳои ҷаҳон мебошанд. Аз ин хотир, мебояд мо падару модарон нишонагирӣ ба ҳамон зинаҳои баланди инсониро дар тарбия ва донишомӯзии фарзандонмон талаб ва раванди амалӣ гаштани онро назорат намоем. Бояд гуфт, ки ҷараёни илмомӯзӣ ва касбазхудкунӣ ин ҷараёни бемайлони инкишофи башарӣ буда, ба ақидае «Аз гаҳвора то гӯр бояд омӯзем». Дар замони Шӯравӣ баъзе аз сарварони коммунист бо ҳар роҳ одамонро аз дониши динӣ, ки бевосита дар тарбияи рӯҳии одамон мақоми хеле пуркувват дорад, дур сохта, фақат омӯзиши илми дунявиро талқин менамуданд. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки ин ду илмро аз якдигар ҷудо кардан монанди «ҷонро аз бадан ҷудо намудан аст».

пешина
аз 566
навбатӣ