Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
инкишофи иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, метавонад, дар як муҳлати кӯтоҳи таърихӣ моро аз вартаи носолими экологию иқтисодӣ бароварда, дар қатори мамолики пешқадами ҷаҳонӣ ҷой диҳад, чунки имконоти табиию истеҳсолии Тоҷикистон аз рӯи ҳисоби мутахассисон имкон медиҳад, ки ҳангоми истифодаи самараноки он метавонад зиёда аз 15 миллион аҳолиро хӯронад ва пӯшонад. Бинобар ин, шарти зарурӣ ташкили муносиби сохтори иқтисодию экологии менеҷмент бо назардошти такрористеҳсолии пурраи сарватҳои табиӣ, тозагии муҳити зист ва рушди босуботи инсонӣ мебошад, ки талаботи асосии инкишофи менеҷменти замони навини тоҷик мебошад.
49.6. Сухан андар ҷавҳари роҳбарӣ
Луқмони Ҳаким ба писараш гуфт:
-
– Эй писари ман, туро мебояд ба аҳли илм ҳамнишин бошӣ ва ба суханони ҳакимон гӯш диҳӣ, зеро Худованд зинда мекунад дили мурдаро ба нури ҳикматаш, ҳамчунон, ки зинда мекунад замини мурдаро бо қатраҳои борон.
-
– Шахси оқилро мебояд, ки бошад бохабар аз аҳли замонаш ва донандаи забони он ва нигоҳдорандаи обрӯяш.
-
– Эй писараки ман, гунҷишк дар деги худат беҳтар аст, аз гови бузургҷуссае дар деги дигаре.
-
– Дилҳо мисли дегҳо дар синаҳост, меҷӯшанд он чӣ дар онҳост ва кобандаи онҳо забонҳост, сипас мунтазири мард бош, то ки сухан гӯяд, зеро забонаш барои ту ҳар он чизеро мегӯяд, ки дар дилаш бошад аз миёни ширин талх ва аз миёни ташнагӣ муқобилаш гармии тоқатфарсо.
-
– Мардум чаҳор тоифаанд: соҳиби шараф, ҳунарманд, тоҷир ва деҳқон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор