Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

иқтисодӣ сарчашма мегиранд, гирифтор ҳастанд. Роҳбарони ин маҳаллаҳо ва хоҷагиҳо каммаблағиро баҳона карда, ба ин масоили вазнини экологию иқтисодӣ диққати ҷиддӣ намедиҳанд.

  1. Масоили пастшавии сифати маҳсулот ва хароҷоти зиёди аҳолӣ барои истеъмоли маҳсулоти пастсифат. Дар ҳақиқат сифати аксари маҳсулоти ғизоӣ ва истеъмолии пойафзолу либоса чунон паст гаштааст, ки ба ягон меъёри истеъмолӣ ҷавобгӯ нест. Тоҷирон бо истифода аз камхирадиаи мадании аксари мардум ва набудани назорати дурусти бозори дохила ба Тоҷикистон молҳоеро ворид месозанд, ки онҳо ба талаботи экологигигиенӣ ҷавобгӯй набуда, дар он давлатҳо ҳамчун моли «Ширпотреб»
    муаррифӣ шуда, арзиши хеле паст доранд.

Ҳамин тариқ, сабабҳои дар боло овардашударо банда пеш аз ҳама дар ташаккул наёфтани менеджменти навини тоҷик мебинам, ки маданияти баланди таърихӣ дорад. Инчунин, ҳанӯз низ дар фикрронии аксари роҳбарон рафтору кирдори замони иқтисоди Шӯравӣ, нақшаи беандозаи ғайривоқеӣ, ки ба ин масоил умуман диққат намедоданд, боқӣ мондааст.

Аз ин ҳолатҳо чунин мебояд, ки дар вақти ташкили менеджменти муосири тоҷик, мо боз ба ҳамон мактаби классикии аҷдоду авлодӣ хеш, ки ҳанӯз ҳазорсолаҳои пеш маданияти хоҷагидорӣ ва косиборо ба зинаи олӣ расонида буданд ва дар боби 43 ва 44-ум иброз намудем, баргардем ва бо истифода аз технологияи пешқадами ҷаҳониён ба истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза шурӯъ намоем.

Аз ин хотир, дар консепсияи инкишофи босуботи менеджменти муосири раванди асосӣ масоили экологатсиякунонии ҷараёни истеҳсолот қарор дорад.
Ин равия, ба куллан тағйир додани принсипҳои алоқамандии инсон ва табиат равона карда шуда, менеҷментро ҳидоят ба он месозад, ки бо истифода аз роҳҳо ва технологияи пешқадами инсонӣ роҳбарӣ намояд. Ин раванд дар асоси чорабиниҳои зерин амалӣ мегардад:

  1. Даст кашидан аз системаи технологии кӯҳнаи ғайриэкологӣ ва гузаштан ба технологияи камхарҷӣ аз ҷиҳати экологӣ безарар.

  2. Гузаштан ба истеҳсоли молҳои истеъмолӣ бе истифода аз заҳрхимикатҳо
    ва консервантҳои ба саломатии одамон зиёновар. Истифодаи усулҳои

пешина
аз 566
навбатӣ