Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

49.3. Хиради экологӣ ва таъмини ташаккули босуботи
менеҷменти муосири тоҷик

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷумҳуриҳои аз сарватҳои табиӣ бой ба ҳисоб рафта, аксари ин сарватҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ коркард ва истифода мешаванд ва қисме аз он дар шакли потенсиалӣ мавҷуд аст.

Хиради экологии менеҷмент гуфта, фаҳмиш, донишмандӣ, дарк ва дӯстдории кормандонро ба табиат, муҳити атроф ва одамон дар вақти мақсадгузорӣ, банақшагирӣ, истифодабарӣ ва қонеъгардонии дигар талаботҳои корхона меноманд.

Роҳбарон дар фаъолияти идоравии худ ҳар лаҳза ба табиат таъсири муайяне расонида, сарватҳои табииро мувофиқи ақлу фаҳмиш ва имконоти хеш истифода мебаранд. Бинобар ин, таъсири манфии як роҳбари нодон метавонад, ҳатто боиси ба ҳалокат дучор гардидани ҳазорҳо одамон ва нобуд гаштан ва ба шӯразор табдил ёфтани ҳазорҳо гектар заминҳои кишт ва хароб гаштани ҷангалзору ҳайвоноту растаниҳои нодири табиат гардад. Аз ин хотир, дониши экологӣ ҳамчун ҷузъи асосии тарбия ва хирадмандии ҳар як роҳбар ба ҳисоб рафта, бояд аз аввали ба фаъолият шурӯъ намудани роҳбар то охири умр қисми таркибии донишмандӣ ва хирадмандии ӯро ташкил диҳад.

Аз тарафи дигар, аксари сарватҳои табиӣ маҳдудияти территориявӣ надошта, барои тамоми ҷомеаи башарӣ умумӣ мебошанд. Бинобар ин, аз тарафи гурӯҳе ва дар минтақаи алоҳидае вайрон кардани муҳити табиат, махсусан, заҳролудшавии обу ҳаво ва маводи ғизоӣ, боиси нохушӣ дар қисмати зиёди нуқтаҳои аҳолинишин мегардад. Аз ин ҷост, ки хиради экологӣ аз масоили муҳим ва глобалии менеҷменти муосири тоҷик ба ҳисоб рафта, доимо бояд дар ташаккул бошад. Ҳар қадар роҳбар аз хусусиятҳои табиат захираҳо, аз он ҷумла оид ба табиати одам донишу хиради баланд дошта бошад, ҳамон қадар кору фаъолияташ пурсамар буда, барои инкишофи босуботи менеҷмент шароити хуб фароҳам меояд.

Оиди хусусиятҳои менеҷменти экологӣ мо дар қисми 2 — юми китобамон
муфассал гуфта гузаштаем ва дар ин мавзӯъ мо фақат атрофи масоили ҳиради

пешина
аз 566
навбатӣ