Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
мубориза аз ҳисоби дигарон зиндагӣ кунад, монандӣ ҷисми мурда аст, ки оҳиста-оҳиста мепӯсад ва нобуд мегардад. Чӣ тавре, ки мо дар мавзӯи пешина қайд кардем, маҳз қонуни тағйирёбандагии табиат инсонро маҷбур месозад, ки пайваста дар мубориза бошад. Бинобар ин, мову Шумо вазифадор ҳастем, ки роҳу усули муборизаи худро дар зиндагӣ пайдо намуда, доимо дар майдони сарварӣ бошем.
Банда, ки ба омӯзиши илми иқтисодӣ ва бахши сарварӣ машғул ҳастам, зиёда аз 20 соли ҳаёти худро ба омӯзиши он сарф карда, аз он сарафрозам, ки қисме аз бозёфтҳои маро шогирдонам ва хонандагони азиз дар вақти аз худ кардани касби иқтисодшиносӣ меомӯзанд ва истифода мекунанд. Аммо муборизаи ман боз барои дастгирӣ ёфтани ақидаҳоям дар доираи васеи роҳбарони ҳукуматию соҳибкорон давом дорад. Ман боварӣ дорам, ки ин муборизаи ақлонии ман бо ғалаба анҷом ёфта, барои инкишофи иқтисодии Тоҷикистони азизам дар оянда самараи калон медиҳад. Инчунин, хушнудам, ки дар натиҷаи ин мубориза ман аввалан ба худ нигоҳи дигари созанда пайдо карда, каме аз асрори илми роҳбарӣ бохабар шудам ва хислати худро низ куллӣ тағйир додам, яъне нисбати пешина садҳо маротиба муборизтар гашта, он қувваи илоҳӣ ва заминиеро, ки Худованд ба ҳар як инсон ато кардааст, мехоҳам боз самараноктар истифода карда тавонам.
Аз ин хотир, ман дарк кардам, ки камбизоатӣ ин натиҷаи инкишоф наёфтани қобилияти ақлонии мо буда, бо сабабе ва ё нофаҳмие мо бар муборизаҳои дар боло номбаршуда ворид нагаштаем ва ё аз тарс ба ягон муборизаи инсонӣ худро мутобиқ накардаем.
Дуруст аст, ки аксари ин гуна одамон шояд дар оилаҳои шароити душвори молиявидошта ба дунё омадаанду ин аҳвол ба дигар равандҳои фаъолияти онҳо таъсири манфии худро расонидааст. Дар хотир дошта бошед, ки ин ҳам як шакли санҷиши илоҳист, ки Шумо чӣ тавре ин ҳолатро паси сар карда, қавитар мегардед ва ба зинаи баландтари мубориза қамар мебандед. Қонунияти табиие низ вуҷуд дорад ва инсонҳое ки ин муборизаи аввалро бо ғалаба анҷом диҳанд, дар оянда аз сарватмандтарин шахсон мегарданд.
Бояд гӯям, ки банда низ дар оилаи деҳқони камбизоат ба дунё омада, муборизаро аз рӯзи аввали ақлам ба иҷрои коре расидан шурӯъ карда, то имрӯз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор