Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
сабзондааст, муҳлате инкишоф дода, мева медиҳад ва боз муҳлате ҳавон карда, барои барқароршавӣ шароит муҳайё сохта, соли дигар аз нав боз гармию нармӣ дода ба он қувват медиҳаду сарсабз мегардонад. Вазифаи сарвари доно дар ин ҷода фақат ҳамон тағйирёбии дилҳоҷи одамону табиатро интихоб ва тарзе амалӣ кардан мебошад, ки ба дили мардум ва пеш аз ҳама кормандон писанд буда, ба қонунҳои табиат мувофиқ намояд. Дар ин ҳолат коллектив ва табиат низ ба Шумо кӯмак мерасонанд. Қонуни инкишофи табиат низ тағйирот буда, аз ҳар як роҳбар пеш аз ҳама дарки масоили экологӣ ва худмутобиқшавиро талаб менамояд. Бинобар ин, роҳбаре ки тағйиротро пешниҳод намуда худро ба он мутобиқ намесозед, кораш натиҷа надода, кормандон на дӯстдорӣ, балки нобоварӣ зоҳир карда, зиддият низ нишон медиҳанд. Ҳатто, роҳбарони корхонаҳои бузург, ки тағйиротро аз касе қабул менамоянд, кӯркурона рафтор намуда, онро дарк карда натавониста ба шикастҳои вазнин дучор гардида, ҳатто корхонаро аз даст медиҳанд.
Дигар тарафи ин масоилро низ бояд қайд карда гузарем ва ҳар як роҳбар онро бояд донад, ки ғайр аз қобилияти кордонии Шумо боз қувваҳои дигари табиӣ низ ҳастанд, ки тағйиротҳоро ба вуҷуд меоранд. Агар роҳбаре, ки ба ин тағйиротҳои воқеии табиӣ худро мутобиқ карда натавонад ва ба муқобили он ҳаракат намояд, худро қурбони ин тағйирёбӣ карда, нобуд месозад, чунки хислати рӯҳии одамӣ ин аст, ки аксар маврид одатҳои кӯҳна ба тағйирёбию ғалаба карда, роҳбарро ба инкишофёбӣ муқобил мегузоранд. Инро мо ҳангоми сӯҳбат бо шахсони барҷомонда ва ё роҳбарони каме пештар фаъолият дошта мешунавем, ки «даврони мо хуб буд, ин хел бартариҳо дошт ва ё мо ин гуна корҳоро иҷро мекардем» - гӯён чизи навро қабул надоранд. Аз ҳамин хотир, Шумо ҳамчун сарвари хирадманд бояд бидонед, ки «Ҳодисаҳои таърих ҳеҷ гоҳ дар шакли якранг аз нав такрор намешаванд». Ҳамон рафтор, ҳамон фаъолият дар шаклҳои навин, бо субъектҳои нави худ метавонанд дучор шаванд. Бинобар ин, кӯҳнаро аз нав дар шакли пешин барқарор кардан ғайриимкон аст. Аз тарафи дигар, ин зидди қонуни инкишофи табиат мебошад ва ба ягон кас муяссар намегардад, ки ба муқобили он барояд. Аслан Худованд ба инсонҳо ақл, озодӣ ва табиати тозаро ато кардааст ва маҳз бо истифодаи боақлонаи он инсон бояд ба қонунҳои тағйироти табиат мувофиқ озодона кору фаъолият

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор