Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
деҳаҳои кӯҳанбунёди мардуми тоҷик нишони он аст, ки оилаи тоҷик аз қадим боғу боғдорӣ, гулу гулпарвариро дӯст дошта, ҳудуди ҳавлиҳо аз 0,30 — 1 гектар заминро ташкил медоданд, ки монандӣ бустонсаройҳо буда, қариб тамоми маҳсулоти хӯрокаи оиларо аз замини назди ҳавлигӣ ва боғашон истеҳсол ва таъмин мекарданд.
Аммо роҳбарони Шӯравӣ ҳамаи инро ба инобат нагирифта, мардуми кӯҳистони тоҷикро ба даштҳои ҳамвори туғайзор муҳоҷир (1936-1960с.) карда, ҳавлии тоҷикро ба 0,06 — 0,08 гектар мубаддал гардонида, мардумро аз урфу одати миллии худ ҷудо намуданд. Бояд гуфт, ки бо шарофати истиқлолият ва сиёсати хирадмандонаи сардори давлат, президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонов боз халқи тоҷик имкон ёфт, ки ба ҳавлиҳои бобоии худ баргарданду боғотро пас аз 50 солаҳо аз нав обод кунанд. Қобили дастгирист, ки бо фармони Президенти мамлакат ба онҳо 75000 гектар замин барои қитъаи наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд. Умуман, имрӯзҳо сарвари давлат ва мардуми тоҷик кӯшиш бар он дода истодаанд, ки миқдори зиёди дарахтони гуногун шинонда, боз ҳамон муҳити табиӣ ва табиатшиносии миллат ва табиатдӯстии роҳбарони тоҷикро ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.
Бояд гуфт, дар замони Шӯравӣ заминҳои истеҳсоли пахтаро чунон инкишоф дода, дорупошӣ карданд, ки ягон меъёри экологию табиӣ риоя карда намешуд. Аксари қишлоқҳойҳо дар миёни заминҳои пахта қарор дошт ва мардуми ин деҳаҳо ба бемориҳои гуногун гирифтор шуда, аз инкишофи зеҳнӣ монданд, ки ин бадтарин хиёнати роҳбарони шӯравӣ ба миллати тоҷик буд.
Аксари обҳои дарёҳо ва ҳатто обҳои зерзаминиро чунон заҳролуд гардониданд, ки ҳатто барои дуюмбора об додани замин хатарнок буда, ифлосии онҳо аз меъёр 40-50% зиёд буд. Мо оиди зарари экологӣ ва масоили он дар қисми 2-юми ҳамин китобамон ва дар асарҳои алоҳида ба таври муфассал гуфта гузаштаем.
Дар хотир дошта бошед, ки атрофиёнатон шахсоне мебошанд, ки
манфиатҳои хоси худро дошта, ҳамроҳатон кору фаъолият доранд ва бароитон
кӯмак мерасонанд ва табиати зебою азиз шароити кору зиндагиро муҳайё
сохтааст. Ва ин гуна одамон ва шароит барои фарзандотон ва наслҳои дигар
низ зарур мебошанд, яъне онҳо дастгири Шумо ва насли оянда барои расидан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор