Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
қаҳрамони нав ба майдон биёред ва бо ин ҷилвагарии худро нишон дода, ҳамчун роҳбари нотакрору эҷодкор дар таърихи башарӣ нақши хубе боқӣ гузоред. Таърихи ҳокимиятдории мардони шуҷоатманд гувоҳ бар он аст, ки фақат бо сухан бовар кунондани атрофиён ва зердастон хавфнок буда, он қадар умри зиёд надорад. Агар сухан дар муддати муайян бо кору фаъолият пур карда нашавад, пас аз муддати кӯтоҳе ба сари ҳар як роҳбар ҳамчун тир гардида, пояи ҳокимияти ӯро хароб мегардонад. Аз ин хотир, дар назар дошта бошед, ки агар сухан ҳамчун мусиқии дилчасп дар баробари иҷрои кор пайваста ва бо овози ҳалиму нарм шунида шавад, он гоҳ ҳам ба гӯши шунаванда писанд меояду ҳам иҷрои он дилхуш буда, баёнгари он чӣ тавр ба рақс даромаданашро пай намебарад. Бинобар ин, дар сухан бояд ягон овози дилҳарошу бемантиқ набошад, ки боиси аз лаззат дур шудан ва аз ҷилодиҳӣ мондани ҳокимияти Шимо гардад.
Омили дигари нотакрорӣ истифода аз нишонаҳо ва аломатҳои нотакрории роҳбарӣ мебошад, ки дар дили зердастон ва муҳит ҷой шуда, муддатҳои дароз дар хотир нақш мебандад. Махсусан, нишонаҳои молӣ ва аломатҳои хоси роҳбарӣ дар ташкилот ва нишонаи худи корхона дар қуттиҳою борхалтаҳо ва умуман дар муҳити атрофи корхона. Албатта, ин аломатҳо низ бояд бо мазмуну мундариҷаи худ дилчаспу дилбаранда буда, рӯҳияи кормандонро баланд бардошта тавонанд ва ҳамчун нишонаҳои худи қабул карда шаванд. Аз ин нуқтаи назар, роҳбаре, ки нишонаҳо ва аломатҳои махсусро мехоҳад, ҷорӣ намояд, бояд бидонад, ки ҳолати рӯҳии кормандон ба кадом тараф завқи баланд доранд. Ин нишонаҳо шояд вобаста ба муҳит тағйир ёбанд ё дар вақти муайяни фасли сол истифода карда шаванд. Дар вақти ҷашнҳои махсус метавон нишонаҳоеро қабул кард, ки он бо хушнудӣ пазироӣ гардад ва эҷодкорона бошаду умри дароз бибинад. Мисол, вақте ки Шумо роҳбари ташкилот ҳастед, метавонед ягон сохтмони нави дилчаспу манфиатовар, бунёди боғ ва дигар эҷодкориҳоро ба анҷом расонед, ки ҳам ба роҳбариатон таъсири мусбӣ мерасонад ва ҳам ба нотакрориатон заминаи мустаҳкам мегузорад. Ҳатто, пас аз чанд соли роҳбариатон Шуморо бо он нишонаҳо ва бунёдкорию эҷодкориатон ба некӣ ёд карда, афсӯси набуданатонро мехӯранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор