Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ислоҳот аст ва фоида ба даст меорад. Аз дигар тараф, рафторатон барои аксарият махфӣ бошад, чунки рақибонатон доимо кӯшиши онро доранд, ки аз Шумо пештар фикрҳоятонро истифода баранд ва ё намегузоранд, ки ақидаҳоятон амалӣ гарданд. Барои ин зиракии гуфтору рафтор ва дар куҷо чӣ гуфтан ва чӣ тавр гуфтанро биомӯзед, чуноне ки Луқмони Ҳаким дар назди Подшоҳ гуфта буд.

  1. Намуди зоҳирӣ ва имову ишораҳои хешро ҳайратовару дилчасп намоед, то фидоиёни худро пайдо созед. Аз қонуни театр истифода карда, чашми тамошобини худро аз ҳолати мувозинати берун бароварда, ба худ чунон ҷалб намоед, ки ӯ хоҳиши дидани чизи дигарро накунад. Дар баробари ин тарзе рафтор кунед, ки мардум аз он ҳаловат бубаранд.

  2. Хуб мешуд, ки тарафдорони худро дар ҷамоати диндорон низ пайдо мекардед. Ин гурӯҳи одамон метавонанд хирадмандии Шуморо дар байни мардум ташфиқот бурда, онҳоро бовар кунонанд ва бо ин роҳ мухлисони зиёдеро пайдо мекунед.

  3. Сарчашмаҳои даромади Шумо бояд аз ҳисоби кормандон ва ё маблағҳои ғайриқонунӣ бошанд. Ҳеҷ гоҳ кормандон имкони назар ба кисаи Шуморо бояд надошта бошанд. Онҳоро бовар кунонед, ки даромадатон ин натиҷаи маҳз ҳамон меҳнате мебошад, ки барои онҳо низ пешниҳод карда истодаед. Бигузор онҳо пурра бовар кунанд, ки тамоми боигариатон натиҷаи ҳамон ақида ва усулҳои кордониатон мебошад.

  4. Фаъолияти худро чунон ба роҳ монед, ки ҳамаи кормандонро ба ақидаатон бовар кунонида, аз онҳо истифода бубаред, ҳатто он шахсонеро, ки бо Шумо якҷоя меҳнат кардан намехоҳанд ва зидди ақидаҳоятон буда, талаби пешравии корхонаро надоранд. Доимо ба танбалону касоне, ки ақидаатонро дастгирӣ намекунанд, ишора намуда, онҳоро ҳамчун душмани коллектив муаррифӣ намоед. Бо ин роҳ аз онҳо ё халос мегарбед ва ё бо Шумо ҳамроҳ мешаванд. Дар хиради менеҷмент таъкид карда мешавад, ки роҳбари оқилу доно доимо ҳамчун оҳанрабо буда, бояд тамоми дигар кормандонро ба худ ҷалб карда тавонад.

пешина
аз 566
навбатӣ